Мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар Русия. Путин ба мақомоти кишвараш чӣ дастур дод?

Asia-Plus

Владимир Путин, Президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар гуфт, ки мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон бояд ҳал карда шавад ва барои ин, аз омодагии худ барои баррасии пешниҳодҳо хабар дод.

Владимир Путин зикр кард, ки фарзандони муҳоҷирон бояд таҳсил кунанд, аммо таъкид намуд, ки “ин набояд боиси бад шудани сифати таҳсили дигар толибилмони Русия гардад”.

“Кӯдакон бояд омӯзанд, аммо ин раванд набояд ба бад шудани шароити таълиму тарбияи фарзандон дар мактабҳо, фарзандони шаҳрвандони мо ҳамроҳ шавад. Ин як масъалаи алоҳида аст ва мо наметавонем вонамуд кунем, ки ин мушкилот вуҷуд надорад”, –  гуфт Владимир Путин.

Ӯ яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилро “ташкили гурӯҳҳои алоҳида” барои кӯдакони муҳоҷирон номид.

Зикр бояд кард, ки айни ҳол дар Русия наздики 7 миллион муҳоҷири меҳнатӣ зиндагӣ мекунад ва теъдоде аз онҳо бо оилаи худ ба ин кишвар рафтаанд.

Аз ҷумла, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам солҳои охир муҳоҷирони зиёд ба Русия бо оилаи худ рафта, кор ва зиндагӣ мекунанд, аммо фарзандони онҳо дар аксар ҳолат аз таҳсил дур мемонанд.

Ҳамчунин, барои фарзандони муҳоҷирон мактабҳо ё синфҳои алоҳида бо забони модариашон низ мавҷуд нест.

Дар умум, Владимир Путин зимни ин мулоқот ба масъалаи риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таваҷҷуҳ карда, зикр кард, ки “ҳар фарде, ки ба Русия меояд, бояд қонунҳои ин кишваро риоя намояд”.

Дар баробари ин, ӯ таъкид намуд, ки “ҳуқуқҳои муҳоҷирони кориро мо ҳамчун як кишвари бофарҳанг бояд риоя кунем”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир муҳоҷирони корӣ дар Русия аз нақзи ҳуқуқҳояшон аз ҷониби кормандони мақомоти ин кишвар зиёд шикоят мекунанд.

Махсусан, соли ҷорӣ кормандони макоҷоти корҳои дохолӣ ва амнияти ин кишвар садҳо муҳоҷир аз давлатҳои Осиёи Марказиро ба таври дурушту таҳқиромез боздошту латукӯб карданд

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...