Мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар Русия. Путин ба мақомоти кишвараш чӣ дастур дод?

Владимир Путин, Президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар гуфт, ки мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон бояд ҳал карда шавад ва барои ин, аз омодагии худ барои баррасии пешниҳодҳо хабар дод. Владимир Путин зикр кард, ки фарзандони муҳоҷирон бояд таҳсил кунанд, аммо таъкид намуд, ки “ин набояд боиси бад шудани сифати таҳсили […]

Владимир Путин, Президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар гуфт, ки мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон бояд ҳал карда шавад ва барои ин, аз омодагии худ барои баррасии пешниҳодҳо хабар дод.

Владимир Путин зикр кард, ки фарзандони муҳоҷирон бояд таҳсил кунанд, аммо таъкид намуд, ки “ин набояд боиси бад шудани сифати таҳсили дигар толибилмони Русия гардад”.

“Кӯдакон бояд омӯзанд, аммо ин раванд набояд ба бад шудани шароити таълиму тарбияи фарзандон дар мактабҳо, фарзандони шаҳрвандони мо ҳамроҳ шавад. Ин як масъалаи алоҳида аст ва мо наметавонем вонамуд кунем, ки ин мушкилот вуҷуд надорад”, –  гуфт Владимир Путин.

Ӯ яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилро “ташкили гурӯҳҳои алоҳида” барои кӯдакони муҳоҷирон номид.

Зикр бояд кард, ки айни ҳол дар Русия наздики 7 миллион муҳоҷири меҳнатӣ зиндагӣ мекунад ва теъдоде аз онҳо бо оилаи худ ба ин кишвар рафтаанд.

Аз ҷумла, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам солҳои охир муҳоҷирони зиёд ба Русия бо оилаи худ рафта, кор ва зиндагӣ мекунанд, аммо фарзандони онҳо дар аксар ҳолат аз таҳсил дур мемонанд.

Ҳамчунин, барои фарзандони муҳоҷирон мактабҳо ё синфҳои алоҳида бо забони модариашон низ мавҷуд нест.

Дар умум, Владимир Путин зимни ин мулоқот ба масъалаи риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таваҷҷуҳ карда, зикр кард, ки “ҳар фарде, ки ба Русия меояд, бояд қонунҳои ин кишваро риоя намояд”.

Дар баробари ин, ӯ таъкид намуд, ки “ҳуқуқҳои муҳоҷирони кориро мо ҳамчун як кишвари бофарҳанг бояд риоя кунем”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир муҳоҷирони корӣ дар Русия аз нақзи ҳуқуқҳояшон аз ҷониби кормандони мақомоти ин кишвар зиёд шикоят мекунанд.

Махсусан, соли ҷорӣ кормандони макоҷоти корҳои дохолӣ ва амнияти ин кишвар садҳо муҳоҷир аз давлатҳои Осиёи Марказиро ба таври дурушту таҳқиромез боздошту латукӯб карданд

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.