Душанбе барои маъюбон нест. Барои ҳомиладорон ва пиронсолон низ

Як мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар Душанбе ҳангоми сохтани бинои нав, ҳам хусусиву ҳам давлатӣ ва ҳам иҷтимоӣ, ҳатто истгоҳҳо, имконияти шахсони маъюб на ҳамеша ба назар гирифта мешавад. Маъюбон дар Душанбе наметавонанд тавассути аробача мустақилона  ҳаракат кунанд. Зеро барои ин шароити мувофиқ муҳайё нашудааст. Ноҳамвории роҳҳои пиёдагард, адами роҳҳои хос барои аробачаи маъюбӣ […]

Меҳрангез Султонзода, махсус барои Asia-Plus

Як мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар Душанбе ҳангоми сохтани бинои нав, ҳам хусусиву ҳам давлатӣ ва ҳам иҷтимоӣ, ҳатто истгоҳҳо, имконияти шахсони маъюб на ҳамеша ба назар гирифта мешавад.

Маъюбон дар Душанбе наметавонанд тавассути аробача мустақилона  ҳаракат кунанд. Зеро барои ин шароити мувофиқ муҳайё нашудааст.

Ноҳамвории роҳҳои пиёдагард, адами роҳҳои хос барои аробачаи маъюбӣ (пандус) дар зинапояҳо ва ё нодуруст бунёд шудани онҳо, ҳамчунин сатҳи лағжонаки ин гуна роҳҳо аз мушкили аслӣ барои маъюбоне аст, ки мехоҳанд мустақилона тавассути аробача ҳаракат кунанд.

Ин мушкилоти нав нест ва “Азия-Плюс” солҳои қабл дар ин бора навишта буд. 7 сол пеш, соли 2016, мо оид ба ин мушкил суратгузорише таҳия карда будем.

Пештар мутахассисон душвории таҷдиди биноҳои куҳнаро ба тангии даромадгоҳҳо, баландии пойдевори биноҳо, пайроҳаҳо ва махсусиятҳои дигар вобаста мекарданд. Имрӯз дар Душанбе  тағйироти куллӣ дида мешавад. Дар шаҳр биноҳои нав, корхонаҳои нави давлатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ бунёд мешавад, аммо дар бештари ин биноҳои нав мушкули кӯҳна боқӣ мондааст.

Инро метавон аз суратгузориши нави мо мушоҳида кард.

Аслан бояд чӣ гунабошад?

Ҳангоми бунёди роҳ барои аробачаҳои маъюбӣ ё пандус бояд муқаррароте, ки дар Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-01-2012 “Дастрасии бино ва иншоот барои гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ” қайд шудаанд, ба назар гирифта шаванд.

Масалан, тибқи моддаи 89-и ҳуҷҷати мазкур, ҳадди ниҳоии баландии пандус ҳангоми нишебии на бештар аз 8% бояд аз 0,8 м зиёд набошад.

Дар сурати то 0,2 м баланд будани пандус то 10% зиёд кардани нишебии он иҷозат аст. Дар ҳолати бештар аз 0,2 м будани баландии пандус, он бояд ба шакли шикаста бунёд гардад.

Паҳноии ниҳоии пандус бояд 90 – 100 см бошад. Мувофиқи меъёр, пандусҳо бояд лағжонак набошад ва аз масолеҳи ба оташ тобовар сохта шаванд.

Тибқи моддаи 92-и ҳуҷҷати мазкур, дар ҳар ду ҷониби зинапоя ва пандус бояд даста насб гардад.

Оё барои риоя накардани ин қоидаҳо ҷазо пешбинӣ шудааст? 

Барои қонунвайронкуниҳо дар самти фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон тибқи моддаи 409-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр, аз рӯйи банди 4 моддаи 68-и Кодекси шаҳрсозии ҶТ, шахсони мансабдори мақомоти масъули давлатӣ дар самти назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳангоми муайян намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоту идора ва ташкилотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, вазифадоранд:

– ирсоли фармон ба мақомоту идора ва муассисаҳои дахлдори давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда дар самти шаҳрсозӣ ва муқаррар намудани муҳлати бартараф;

– ба мақомотҳои прокуратура ирсол намудани иттилоот дар бораи ҳолати қонунвайронкунӣ барои қабули чораҳо;

– қабули чораҳои зарурӣ барои ҷалби роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоту идора, муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ.

Мувофиқи моддаи 432-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҶТ саркашӣ аз иҷрои фармонҳои мақомотҳои давлатӣ дар самти меъморӣ ва сохтмон ҷарима дар ҳаҷми аз 20 то 40 нишондиҳанда барои шахсони воқеӣ, аз 100 то 200 нишондиҳанда барои шахсони мансабдор ва аз 200 то 400 нишондиҳанда барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст.

Айни ҳол, як нишондиҳанда ба 64 сомонӣ баробар аст, аз 1-уми январи соли 2024 он то 72 сомонӣ зиёд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.