Тавсеаи тиҷорати Тоҷикистону Русия

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Москва бо президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин мулоқот кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. "Вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, метавонад […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Москва бо президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин мулоқот кард.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, метавонад дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзӣ бо сармоягузорони рус ҳамкории судманд тавсеа бахшад", – гуфтааст Аҳмадзода.

Сергей Катирин таҳкими равобити иқтисодиро ба манфиати ҷонибҳо номида, илова кард, ки ташкили намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имконияти мавҷуда барои шиносоии бештари сармоягузорон ва ҷалби онҳо ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми декабр дар Палатаи савдо ва саноати Русия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муаррифии имконияти вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.