Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд

Дар ҳамаи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшту сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории пойтахт Абдусалом Нозимов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки  дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар ҳамаи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшту сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории пойтахт Абдусалом Нозимов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки  дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбутаи кишвар баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ярмаркаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ярмаркаҳо, ки аз 21 то 31 декабр баргузор мешаванд, сокинони пойтахт метавонанд маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, аз ҷумла биринҷу гӯшт, картошкаву пиёз, равған ва дигар ғизои заруриро бо нархи нистбатан арзон харидорӣ намоянд.

Ярмаркаҳо дар бозори “Меҳргон”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони назди бозори “Қарияи Боло” дар ноҳияи Сино, дар буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шоҳмансур ва дар паҳлӯи бозори “Саховат” дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.