Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар робита ба ҳалокат ва осеб дидани одамон ва бинову иншооти зиёд бар асари заминларза дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, ҳамзамон зарар дидани  бинову иншооти сершумор бар  асари заминларзаи шадид дар музофотҳои Гансу ва Тсинхаи Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи амиқи ҷониби Тоҷикистон гардид.

“Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи рӯзи 18 декабр дар қисмати шимолу ғарби Чин теъдоди зиёди аҳолӣ ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин шумори зиёди бинову иншоот тахриб шуд.

Тибқи маълумоти ахири хабаргузории Синхуа, теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи ин заминларза ба 126 нафар расидааст.

Раиси Чин Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки “барои баргузории корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, табобати саривақтии маҷруҳон ва то ҳадди камтарин расонидани теъдоди қурбониён тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд”.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта бар асари заминларзаи қуввааш 6,6 балл дар музофоти Сичуан дар қисмати ҷанубу ғарби Чин зиёда аз 60 нафар ҳалок шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...