Тоҷикистон барои сармоягузорони минтақа чандон ҷолиб набудааст

Тибқи гузориши “Мониторинги сармоягузории мутақобила-2023”-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР), дар сармоягузории мустақими дохили минтақа дар Осиёи Марказӣ Қирғизистон бо саҳми 63% дар ҷои аввал қарор дорад. Ба Ӯзбекистон – 24% Қазоқистон – 11% ва Тоҷикистон – 2%-и сармоягузориҳо равона гардида, ҳеҷ гуна лоиҳа бо иштироки Туркманистон вуҷуд надорад. Мувофиқи арзёбии БАОР, ин сармоягузориҳо ба 27 […]

Asia-Plus

Тибқи гузориши “Мониторинги сармоягузории мутақобила-2023”-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР), дар сармоягузории мустақими дохили минтақа дар Осиёи Марказӣ Қирғизистон бо саҳми 63% дар ҷои аввал қарор дорад.

Ба Ӯзбекистон – 24% Қазоқистон – 11% ва Тоҷикистон – 2%-и сармоягузориҳо равона гардида, ҳеҷ гуна лоиҳа бо иштироки Туркманистон вуҷуд надорад.

Мувофиқи арзёбии БАОР, ин сармоягузориҳо ба 27 лоиҳаи бузург сурат гирифтаанд, ки айни замон дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.

Ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими андӯхта дар минтақа 1,1 млрд долларро ташкил додааст.

Панҷ лоиҳаи бузургро дар минтақа ширкатҳои Kaz Minerals, United Cement Group, «Народный банк» ва «Верный Капитал» ( ду лоиҳа)-и Қазоқистон ва ду лоиҳаи дигари бузургро ширкатҳои Artel ва Alliance Textile-и Ӯзбекистон амалӣ мекунанд.

Сармоягузорони асосии минтақа Қазоқистон ва Ӯзбекистон маҳсуб меёбанд. Ҳудуди 87%-и  маблағгузориҳои асосӣ ба Қазоқистон ва 13% – ба Ӯзбекистон рост меоянд.

Сармоягузории Kaz Minerals дар ҳаҷми 350 млн доллар ба ба кони тиллои навъи кушоди Бозимчак дар Қирғизистон 32%-и маблағгузории муштарак дар минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Бузургтарин сармоягузори Ӯзбекистон дар минтақа – ширкати Artel аст, ки соли 2018 бо роҳандозии истеҳсоли яхдонҳо дар Қирғизистон барои фурӯш дар бозори дохилӣ ба бозори Осиёи Марказӣ ворид шуд.

Баъдан ин ширкат дар Қазоқистон ва Тоҷикистон корхонаҳои худро боз кард.

Дар бахши хидматрасонии молиявӣ 22% ё худ 242 млн доллар сармоягузориҳои мустақими мутақобила дар Осиёи Марказӣ мутамарказ шудааст. Тамоми лоиҳаҳои ин соҳа аз ҷониби бонкҳои Қазоқистон амалӣ карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.