Бар асари заминларза дар Чин 46 нафар ҳалок шуданд

Теъдоди ҳалокшудагон аз заминларзаи 6,8 балл дар музофоти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин то 46 нафар расид. Тавре ки Centralasia.media бо истинод ба Маркази шабакаи зилзиласанҷии Чин хабар медиҳад, таконҳо рӯзи 5 сетябр дар ғарби Ҳавзаи автономии Гардза-Тибет сабт шуда, маркази заминларза дар чуқурии 16 километр ва дар 39 километрии минтақаи Лудин воқеъ будааст. […]

Asia-Plus

Теъдоди ҳалокшудагон аз заминларзаи 6,8 балл дар музофоти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин то 46 нафар расид.

Тавре ки Centralasia.media бо истинод ба Маркази шабакаи зилзиласанҷии Чин хабар медиҳад, таконҳо рӯзи 5 сетябр дар ғарби Ҳавзаи автономии Гардза-Тибет сабт шуда, маркази заминларза дар чуқурии 16 километр ва дар 39 километрии минтақаи Лудин воқеъ будааст.

Маълумот дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ тадриҷан дастрас мешавад. Дар Ганза 29 нафар ва Яан – 17 нафар ҳалок шуда, 16 нафар шаҳрвандон бедарак шудаанд.

Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин даъват намудааст, ки барои наҷоти осебдидгагон ҳамаи талошҳо ба харҷ дода шаванд.

Дар масоҳати 20 км аз маркази заминларза 39 ҳазор нафар, 50 километр – 330 ҳазор нафар ва 100 км – 1,55 млн нафар зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, таконҳои сахт ба хонаҳо зарар расонида, баъзе аз минтақаҳо бе барқ мондаанд. Ҳадди ақал аз ярчҳои бар асари заминларза фаромада як шаҳр осеб дидааст.

Роҳ ба дигар шаҳр баста шуда, хатҳои алоқа дар минтақаҳое, ки дар он ҷойҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар иқомат доранд, канда шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои Гарза ва Яан аз заминларза баъзе неругоҳҳои барқӣ аз кор баромадаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.