Зокирзода СААД-ро ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубӣ даъват кард

Зимни ҷаласаи 16-уми Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Имангалӣ Тасмагамбетов изҳор дошт, ки дар соли 2024 Созмон баргузории 7 машқи муштараки ҷангиро дар қаламрави Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифтааст. “Дар соли 2024 барномаи васеи чорабиниҳо оид ба омодагии муштараки ҷангӣ таҳия шуда, дар маҷмӯъ, баргузории ҳафт тамрин […]

Asia-Plus

Зимни ҷаласаи 16-уми Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Имангалӣ Тасмагамбетов изҳор дошт, ки дар соли 2024 Созмон баргузории 7 машқи муштараки ҷангиро дар қаламрави Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.

“Дар соли 2024 барномаи васеи чорабиниҳо оид ба омодагии муштараки ҷангӣ таҳия шуда, дар маҷмӯъ, баргузории ҳафт тамрин пешбинӣ шудааст”, – овардааст ТАСС гуфтаҳои дабири кулли Созмонро.

Ӯ зикр кардааст, чорабиниҳои дахлдор дар ин маврид “дар қаламрави кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд”.

Тасмагамбетов шарҳ додааст, ки дар тамринҳо Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ, Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ, Неруҳои ҳомии сулҳи СААД, неру ва воситаҳои таъминоти моддӣ-техникӣ, иктишоф, мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси СААД иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар Маскав изҳори умедворӣ кардааст, ки шарикии стратегӣ байни кишварҳои узви Созмон минбаъд ҳам ба хотири таъмини сулҳу субот рушд хоҳанд кард.

Ӯ даъват намудааст, ки барои муқовимат бо таҳдиду чолишҳо таъмини амният дар марзҳои ҷанубӣ мустаҳкам карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо бояд самаранокии ҳамкориро дар соҳаи низомӣ тақвият диҳанд, аз ҷумла ҷиҳати истодагарӣ ва муқовимат ба вуруди гурӯҳҳои террористӣ, хариду фурӯши маводи нашъаовар, чолишҳои ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.