Эмомалӣ Раҳмон ба Санкт-Петербург меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт – Петербурги Русия меравад. Нишасти мазкур рӯзи 26-уми декабр баргузор мешавад. Иштироки Эмомалӣ Раҳмонро дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур ба “Азия-Плюс” таъйид карданд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт – Петербурги Русия меравад. Нишасти мазкур рӯзи 26-уми декабр баргузор мешавад.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмонро дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур ба “Азия-Плюс” таъйид карданд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар маҷмуъ Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз – 25-26-уми декабр дар пойтахти фарҳангии Русия хоҳад буд.

Дар хусуси нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия чанде пештар, зимни ироаи паёми видеоии худ ба сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, хабар дода буд.

Зикр мегардад, ки дар ин нишаст сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил масъалаҳои мубрами рӯзмарраро дар фазои ғайрирасмӣ муҳокима хоҳанд кард.

Нишасти мазкур анъанавӣ буда, солҳои гузашта низ баргузор шудааст. Аз ҷумла соли гузашта, рӯзҳои 26-27-уми декабр низ сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.