На зиёдтар аз 90 шабонарӯз. Муҳлати нигаҳдории хориҷиён дар муассисаҳои махсуси Русия муқаррар шуд

Хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, дар муассисаҳои махсус на зиёдтар аз 90 шабонарӯз аз рӯзи содир шудани қарор дар бораи ихроҷ нигоҳ дошта мешаванд. Қонуни дахлдор дар ин хусус, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин ба имзо расид, дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Акнун ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии […]

Asia-Plus

Хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, дар муассисаҳои махсус на зиёдтар аз 90 шабонарӯз аз рӯзи содир шудани қарор дар бораи ихроҷ нигоҳ дошта мешаванд.

Қонуни дахлдор дар ин хусус, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин ба имзо расид, дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Акнун ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия моддаи нав (27.19.1) илова шудааст, ки дар он бори нахуст муҳлати мушаххаси нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаи махсус муқаррар шудааст.

Ҳамчунин, тибқи он, муҳлати нигаҳдории шахсоне, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд, метавонад аз ҷониби судя бо талаби иҷрочии суд ё шахси мансабдори ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ дар сурати мавҷуд набудани имкони иҷрои қарор дар бораи таъйини ҷазои маъмурӣ дар шакли хориҷ кардани маъмурӣ аз қаламрав на бештар аз 90 рӯз тамдид карда шавад.

Додрас дархостро бояд дар муддати панҷ рӯз аз рӯзи пешниҳоди он баррасӣ кунад.

Пешбинӣ мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонанд бо ариза дар бораи қонунӣ ва асоснок будани нигаҳдории минбаъда дар муассисаи махсус  ба суд муроҷиат кунанд.

Агар қарор дар бораи ихроҷ ба назари дорас ҷазои хеле сахт ва ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ номутаносиб ба назар расад, «инчунин дар сурати мавҷуд набудани давлат барои қабули шахси бешаҳрванд дар қаламрави он», ӯ метавонад ба сифати ҷарима то 50 ҳазор рубл ё худ корҳои ҳатмӣ (маҷбурӣ) ба муҳлати аз 150 то 200 соат ҷазо таъин кунад.

Истисно дар ҳолатҳои таъини ҷазо тибқи якчанд моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хоҳад буд, ки аз ҷумла ба тарғиби муносибатҳои ғайрианъанавӣ ва дигар кардани ҷинс ё саркашии шаҳрванди хориҷӣ аз ихроҷ марбут бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.