Дар Тотористон як ниҳоди махсуси назорати муҳоҷирон таъсис дода мешавад

Раиси Тотористон Рустам Миннихонов дастур дод, ки дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсуси назорати масоили марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шавад. Тавре ки Коммерсант менависад, ин пешниҳоди ӯ дар ҷаласаи Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо ва мазҳабҳо садо дод. Миннихонов таъкид кард, ки Тотористон имрӯз як маркази бузурги саноатӣ аст ва “мо бе муҳоҷирон аз ӯҳдаи кор […]

Asia-Plus

Раиси Тотористон Рустам Миннихонов дастур дод, ки дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсуси назорати масоили марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шавад. Тавре ки Коммерсант менависад, ин пешниҳоди ӯ дар ҷаласаи Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо ва мазҳабҳо садо дод.

Миннихонов таъкид кард, ки Тотористон имрӯз як маркази бузурги саноатӣ аст ва “мо бе муҳоҷирон аз ӯҳдаи кор баромада наметавонем”.

«Аммо дар баробари ин, будубоши онҳо бояд дар доираи меъёру қонунҳои мавҷуда танзим шавад. Мо бояд як таклиф ба миён гузорем — шакл бояд чӣ гуна бошад. Мо бояд мақоме дошта бошем, ки ин масъаларо пайгирӣ кунад”, — гуфтааст сарвари ҷумҳурӣ.

Роҳбари хадамоти матбуоти раис Лилия Галимова ба «Ъ-Казань» изҳор доштааст, ки “ҳоло чизе таъсис дода нашудааст”.

Миннихонов танҳо “дастур дод, ки пешниҳод ироа шавад”. Онро бояд нахуствазири Тотористон Алексей Песошин ва роҳбари дастгоҳ Асгат Сафаров баррасӣ кунанд. Муҳлати таъсиси ниҳоди нав ҳоло муқаррар нашудааст.

Рустам Миннихонов ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки “ба таҷрибаи байнулмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад”.

“Муҳоҷирон бояд ба ҷомеа ворид карда шуда, онҳо бояд донанд, ки чӣ гуна рафтор кунанд”, – таъкид доштааст ӯ. Ба гуфтаи ӯ, “барои ин бояд фармоишгаре, ки онҳоро ба кор қабул мекунад, масъул бошад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.