Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи шадид дар Ҷопон, ки боиси харобиҳои зиёду ҳалокати одамон гардид, ба сарвазири ин кишвар Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад,  дар барқияи президенти ҷумҳурӣ гуфта мешавад, хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикаваро, ки талафоти инсонӣ ва хисороти зиёди молӣ бар ҷой гузоштааст, дар Тоҷикистон бо андуҳи амиқ қабул карданд.

“Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷопон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам», – зикр мешавад дар барқия.

Тибқи маълумоти ахир, теъдоди қурбониёни заминларза дар Ҷопон то 73 нафар расида, зиёда аз 100 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Беш аз 200 манзил ва 250 иншооти таъиноти гуногун тахриб шудаанд.

Дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса зиёда аз 60 ҳазор нафар сокинони қисматҳои марказӣ ва ғарби Ҷопон маҷбур шуданд, ки ба маконҳои амну бехатар бикӯчанд. Ҳоло ҳам ҳудуди 30 ҳазор нафари онҳо дар ин марказҳо боқӣ мондаанд.

Заминларзаи охир аз соли 2016 ба ин тараф пурқорбонитарин заминларза дар Ҷопон будааст. Соли 2011 дар Ҷопон заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Ин фоҷиаи ҷиддитарини атомӣ баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...