Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи шадид дар Ҷопон, ки боиси харобиҳои зиёду ҳалокати одамон гардид, ба сарвазири ин кишвар Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад,  дар барқияи президенти ҷумҳурӣ гуфта мешавад, хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикаваро, ки талафоти инсонӣ ва хисороти […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи шадид дар Ҷопон, ки боиси харобиҳои зиёду ҳалокати одамон гардид, ба сарвазири ин кишвар Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад,  дар барқияи президенти ҷумҳурӣ гуфта мешавад, хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикаваро, ки талафоти инсонӣ ва хисороти зиёди молӣ бар ҷой гузоштааст, дар Тоҷикистон бо андуҳи амиқ қабул карданд.

“Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷопон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам», – зикр мешавад дар барқия.

Тибқи маълумоти ахир, теъдоди қурбониёни заминларза дар Ҷопон то 73 нафар расида, зиёда аз 100 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Беш аз 200 манзил ва 250 иншооти таъиноти гуногун тахриб шудаанд.

Дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса зиёда аз 60 ҳазор нафар сокинони қисматҳои марказӣ ва ғарби Ҷопон маҷбур шуданд, ки ба маконҳои амну бехатар бикӯчанд. Ҳоло ҳам ҳудуди 30 ҳазор нафари онҳо дар ин марказҳо боқӣ мондаанд.

Заминларзаи охир аз соли 2016 ба ин тараф пурқорбонитарин заминларза дар Ҷопон будааст. Соли 2011 дар Ҷопон заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Ин фоҷиаи ҷиддитарини атомӣ баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.