Дар Хуҷанд муштариён пули барқро 10,7 млн сомонӣ барзиёд пардохт кардаанд

Бино ба маълумоти оморӣ, дар зарфи 11 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд ба маблағи 1309,4 млн сомонӣ 4363,2 млн кВт/соат неруи барқ истифода шудааст. Дар амал бошад, барои барқи истифодашуда 1565,4 сомонӣ пардохт шудааст, ки 119,6%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора Sugdnews хабар медиҳад. Дар давраи зикршуда аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 396,2 млн […]

Бино ба маълумоти оморӣ, дар зарфи 11 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд ба маблағи 1309,4 млн сомонӣ 4363,2 млн кВт/соат неруи барқ истифода шудааст. Дар амал бошад, барои барқи истифодашуда 1565,4 сомонӣ пардохт шудааст, ки 119,6%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора Sugdnews хабар медиҳад.

Дар давраи зикршуда аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 396,2 млн сомонӣ неруи барқ истифода шуда, пардохт дар ҳаҷми 401,5 млн сомонӣ ё худ 101,3% таъмин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми 11 моҳи соли гузашта муштариёни шабакаҳои барқи маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба маблағи 224,4 млн сомонӣ 585,4 млн кВт/соат барқро истифода бурда, дар ҳамин ҳол, 235,1 млн сомонӣ маблағ пардохтаанд (10,7 млн сомонӣ зиёдтар), ки 104,8%-ро ташкил медиҳад.

Аҳолии Хуҷанд ба маблағи 91,8 млн сомонӣ барқ истифода бурда, 101,4 млн сомонӣ маблағ пардохтаанд, ки ба 110,5% баробар аст.

Дар мавод доир ба сабаби чаро ин гуна барзиёд пардохт шудани маблағи истифодаи барқ хабар дода намешавад.

Танҳо зикр мегардад, ки пас аз амалисозии лоиҳаи “Паст намудани талафоти неру” ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ дар шаҳри Хуҷанд пурра тариқи низоми биллингӣ ба роҳ монда шуда, “таҳлили натиҷаҳо гувоҳи онанд, ки ҳадафҳои лоиҳа дар шаҳр амалӣ мешаванд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.