Тоҷикистон ҷиҳати гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола омодагӣ мегирад

Дар Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки низоми нави баҳогузории 10-хола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шавад. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин масъала дар меҳвари ҷаласаи васеи гуруҳи корӣ, ки рӯзи 9 январ дар Душанбе таҳти раёсати вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода баргузор шуд, қарор дошт. Ҷаласа […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки низоми нави баҳогузории 10-хола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шавад.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин масъала дар меҳвари ҷаласаи васеи гуруҳи корӣ, ки рӯзи 9 январ дар Душанбе таҳти раёсати вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода баргузор шуд, қарор дошт.

Ҷаласа мутахассисони варзида ва роҳбарони соҳаи маорифро бо шумули намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои гуногун гирдиҳам овард.

Зимни ҷаласа директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асадулло Наҷмиддиниён лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм Раҳмоналӣ Мирзозода дар мавзӯи «Баҳогузорӣ ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард.

Гуфта мешавад, зимни баррасии масъалаҳои мазкур вазири маориф ва илм оид ба ислоҳоти соҳаи маориф ва зарурати гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ суханронӣ намуд.

Ӯ масъулон, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуд, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон низоми баҳогузории 5-хола амал мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.