Иштироки 5 ҷудокори тоҷик дар Гран-прии Португалия

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Португалия рӯзи 26 январ мавсими мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо оғоз мегардад. Мусобиқаи ниҳоӣ Бозиҳои олимпӣ дар Париж хоҳад буд. Ғайр аз ин, ҷудокорон дар мусобиқаҳои Тоскулоҳи бузург ва Чемпионати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (то 73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (то 81 кг), Абӯбакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100 кг) Тоҷикистонро дар аввалин мусобиқаи мавсим – Гран-прии Португалия, ки аз 26 то 28 январ дар Одивелаш доир мегардад, намояндагӣ мекунанд.

Барои иштирок дар мусобиқа 641 варзишгар (356 мар ва 285 зан) аз 90 кишвари дунё номнавис шудаанд.

Ғолибони мусобиқа бо 3 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра – бо 2 ҳазор евро ва медалҳои биринҷӣ – бо 1 ҳазор евро мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, варзишгарон имтиёз ба даст оварда, метавонанд мавқеи худро дар радабандии олимпӣ беҳтар кунанд.

Ҷадвали мусобиқаҳои асосӣ оид ба ҷудо дар соли 2024:

26 – 28 январ. Гран-прии Португалия

2 – 4 феврал. Тоскулоҳи бузург. Париж, Фаронса

16 – 18 феврал. Тоскулоҳи бузург. Боку, Озарбойҷон.

1 – 3 март. Тоскулоҳи бузург. Тошканд, Ӯзбекистон.

8 – 10 март. Гран-прии Австрия. Линтс Австрия.

22 – 24 март. Тоскулоҳи бузург. Тбилиси, Гурҷистон.

29 – 31 март. Тоскулоҳи бузург. Анталия, Туркия.

3 – 5 май. Гран-прии Душанбе. Душанбе, Тоҷикистон.

10 – 12 май. Тоскулоҳи бузург. Алмато, Қазоқистон. 

19 – 24 май. Чемпионати ҷаҳон. Абу-Даби, АМА. 

28 – 30 июн. Тоскулоҳи бузург. Улан-Батор, Муғулистон.

26 июл – 11 август. Бозиҳои олимпӣ. Париж.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...