Дар Душанбе барои дарёфти идрорпулии Рустами Эмомалӣ озмун эълон шуд

Озмун барои дарёфти идрорпулии шаҳрдории Душанбе оғоз шуд. Он барои хонандагони фаъол ва болаёқати пойтахт пешинӣ гардидааст. Дар ин бора сарраёсати Вазорати маориф ва илм дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, идрорпулӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён ва довталабони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин олимони ҷавон ва ҷавони муассисаҳои […]

Озмун барои дарёфти идрорпулии шаҳрдории Душанбе оғоз шуд. Он барои хонандагони фаъол ва болаёқати пойтахт пешинӣ гардидааст.

Дар ин бора сарраёсати Вазорати маориф ва илм дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, идрорпулӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён ва довталабони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин олимони ҷавон ва ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.

Нафароне метавонанд идрорпулӣ гиранд, ки ба ҳаракату маҳфилҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон (созмонҳои хонандагӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Пайравони Пешвои миллат, Созандагони Ватан ва ғайра) аъзо бошанд, бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамояд, дастовардҳои илмиву эҷодиаш дар ВАО нашр шуда бошад, фаъолияти эҷодкорӣ ва дастовардҳои назаррас, аз қабили мақола(ҳо)и илмӣ – оммавӣ, ихтирооти амалӣ, малакаи ровигӣ, идорӣ, забондонӣ ва ғайра дошта бошад, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намоянд,  барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошанд, рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон, ҳамкурсон ва кормандон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари муассисаи таълимӣ) дошта бошанд.

Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмунро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро то 5 – уми марти соли 2024, соати 17:00 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе (бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино) бояд пешниҳод намоянд:

– аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;

– суратҷаласа оид ба пешниҳоди номзад ба даври аввал ва ниҳоии озмун;

– тавсифнома;

– тарҷумаи ҳол;

– рўйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои роҳбар ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст (барои хонандагони МТМУ);

– нусхаи дафтарчаи имтиҳонот, ки аз тарафи маъмурияти факулта тасдиқ шудааст (барои донишҷўён);

– ба корҳои илмиву эҷодӣ тақриз;

– нусхаи шаҳодатнома ва ё шиноснома;

– 4 дона расми андозааш 3х4.

Шакли супоридани санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳо ва рўйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда тавассути сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул карда мешавад.

Телефонҳо барои маълумот:

2217283,936881122, 811070101шаҳри Душанбе

2331576, 777150707 ноҳияи Фирдавсӣ

2277963, 909038787 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

2270134, 55 555 8421 ноҳияи Шоҳмансур

917444466 ноҳияи Сино

Инчунин иштирокчиён барои гирифтани маълумоти муфассал бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 40, ошёнаи 3 – юм, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва тавассути суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:

– телефон барои тамос (+37) 2217283, 2216736, 936881122,

Ватсап, телеграмм: 934603031, 811070101,

Еmail: [email protected], [email protected]

Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.