“Ноҳияи худкифо мешавем!” Чаро ваъдаи раиси ноҳияи Ҷайҳун иҷро нашуд?

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2023 зимни як нишасти матбуотӣ ваъда дод, ки ноҳияи зери роҳбариаш то соли 2024 худкифо мешавад. Яъне аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят дигар маблағ намегирад. Аммо баъди тасдиқи буҷети соли 2024 маълум шуд, ки ваъдаи раиси ноҳия иҷро нашудааст. Имсол ҳам ноҳия аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2023 зимни як нишасти матбуотӣ ваъда дод, ки ноҳияи зери роҳбариаш то соли 2024 худкифо мешавад. Яъне аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят дигар маблағ намегирад. Аммо баъди тасдиқи буҷети соли 2024 маълум шуд, ки ваъдаи раиси ноҳия иҷро нашудааст. Имсол ҳам ноҳия аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят субвенсия (мусоидати молиявӣ) дастрас кардааст ва ҳатто ҳаҷми он зиёд шудааст.

Ҳаҷми маблағҳои мақсадноки аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят ба ин ноҳия ҷудошуда аз соли 2021 то  соли 2024 беш аз 3% зиёд гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳияи Ҷайҳун барои соли 2024 дар ҳаҷми 112,6 миллион сомонӣ қабул шудааст. Дар ин сол ин ноҳия барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 53,4 миллион сомонӣ ва аз буҷети вилоят 1,2 миллион сомонӣ маблағ хоҳад гирифт, ки ин 48 дарсади қисми хароҷоти буҷети ноҳияро ташкил медиҳад.

Соли 2023 буҷети ноҳия 91,9 млн сомониро ташкил медод ва 47 дарсади қисми хароҷоти буҷети ноҳия аз буҷети ҷумҳурӣ (34, 4 млн сомонӣ) ва вилоят (8,4 млн сомонӣ) таъмин гардида буд.

Соли 2022 бошад, қисми хароҷоти буҷети ноҳия 75 миллион сомонӣ буда, 44 дарсади он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ (25, 6 млн сомонӣ) ва вилоят (7,3 млн сомонӣ) таъмин гардид.

Соли 2021 аз 68,2 млн сомонӣ буҷети ноҳия, 44,9 дарсадаш аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ (26,1 млн сомонӣ) ва вилоят (4,5 млн сомонӣ) таъмин шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маблағҳои субвенсионӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба ин ноҳия аз 44,9 дарсади соли 2021 то 48 дарсад дар соли 2023, яъне бештар аз 3 дарсад зиёд шудааст.

 

 

Дар чунин ҳол, Абдулҳафиз Одиназода соли гузашта ваъда дод, ки соли 2024 ноҳияи Ҷайҳун худкифо хоҳад шуд.

“Мо дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ният дорем, дар ноҳия як парки технологии саноатӣ созем. Дар дохили ин парк 10-12 корхонаи саноатӣ сохта мешавад. Ноҳияи Ҷайҳун яке аз истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ аст ва дар ин замина бояд корхонаҳои саноатӣ сохта шавад. Ҳамчунин, чанд корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ ба истифода дода мешавад. Аз ин ҳисоб, мо то соли 2024 ноҳияро ба як ноҳияи худкифо табдил медиҳем ва аз маблағҳои мақсадноке, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба ноҳия ҷудо мешавад, даст мекашем”.

Бо гузашти қариб як сол, Абдулҳафиз Одиназода дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки вақте ваъда медод, охири соли 2024- ро дар назар дошт.

“Мо соли 2024 гуфта, имсолро ҳам дар назар доштем. Имсол кӯшиш дорем як корхонаи истеҳсоли пахта, як корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ва дигар корхонаҳо созем. Агар ин корхонаҳо сохта шаванд, мо метавонем ба ваъдаамон вафо кунем”, – Абдулҳафиз Одиназода.

Тавре таҳлили чор соли охири буҷаи ноҳия нишон медиҳад, субвенсия бар ин ноҳия дар ин муддат ҳадди ақал як фоиз ҳам кам нашуда, баръакс дар маҷмуъ 3,1% зиёд шудааст. Бо назардошти вазъи кунунӣ, суоле пеш меояд, ки вақте давоми чор сол вобастагии буҷети ноҳия ҳатто 1 дарсад кам нашудааст, чӣ гуна метавон онро дар як сол худкифо кард?

Барои ин кор, корхонаҳое, ки раис аз сохтмони он мегӯяд, солона бояд ҳудуди 60-70 миллион сомонӣ андоз супоранд. Агар афзоиши ҳамасолаи қисми хароҷоти буҷет (ҳудуди 15-20 дарсад дар як сол) ба назар гирифта шавад, 60-70 млн сомонӣ ҳам кифоя нахоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.