Муҳоҷират, бемасъулиятӣ, адами дониши динӣ? Чаро волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд беэтиборӣ мекунанд?

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Давоми соли 2023 дар вилояти Суғд 3 ҳазору 436 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол гардидааст.

Бино ба маълумоти Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, барои пешгирии чунин ҳолатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр мешавад. Вале новобаста ба ин, ҷинояткорӣ байни ҷавонону ноболиғон ташвишовар буда, бемасъулиятӣ аз тарафи падару модарон низ ба назар мерасад.

“Дар давоми соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи 160 ноболиғ 174 ҷиноят содир шудааст. Ҷиноятҳое, ки онҳо содир кардаанд, асосан дуздӣ, авбошӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ мебошад”, – мегӯяд сухангӯи РВКД Суғд.

Бақайдгирии ҷиноят миёни ноболиғон нисбати соли 2022 камтар шудааст: соли 2022 аз тарафи 169 нафар ноболиғон дар вилояти Суғд 195 ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд.

Акбар Шарипов меафзояд, барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли 2023 дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 5 ҳазор мулоқот ва баромадҳо гузаронида шуд.

Пас аз як даҳсола

Соли 2011 Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд, аммо бо гузашти вақт бепарастор мондани ҷавонон ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.

Мақомоти дахлдор ҳамасола аз фаъолияти худ перомуни пешгирӣ ё бартараф кардани ҷинояткорӣ ва дар бораи чораҳои андешидашуда ҳисобот медиҳад. Вале ба андешаи коршиносони мустақил, ин ҳама чораҳо барои таҳқиқи паёмади ҷинояткорӣ равона шуда, дар пешгирии он камсамар аст.

Ба қавли онҳо, барои тарбияи фарзанд натанҳо волидайн ва муассисаҳои таълимӣ, балки дигар институтҳои ҷомеа низ масъул аст.

Нигоҳи рӯҳонӣ ба тарбияти фарзанд

Бо назардошти ҷомеаи суннатӣ ва мусулмонии кишвар, Бекмурод Самиев, яке аз рӯҳониёни вилояти Суғд мегӯяд, мувофиқи таълимоти дини Ислом тарбияи фарзанд як масъулияти калони падару модарон аст.

“Масъулият дар тарбияи фарзанд аз номгузорӣ оғоз мешавад ва бо калон шудани фарзанд бештар мегардад. Ин масъулият ҳам аҳамияти моддӣ ва ҳам аҳамияти маънавӣ дорад. Масъалан, хӯронидан, пӯшонидан як тарафи масъала, аз тарафи дигар таълиму тарбияи хуб додан даркор”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ба андешаи ӯ, фарзанд баъди ба воя расидан дар ҷомеа чӣ мавқеро ишғол карданаш аз тарбияи падару модарон низ вобастагӣ дорад.

Ин рӯҳонӣ мегӯяд, “вақте кӯдак тавлид мешавад, ӯ нигоҳи динӣ, миллӣ ва ё дигар надорад. Ӯ ҳатто чӣ хубӣ ва чӣ бадӣ аст, дарк намекунад. Дар давраи инкишофи кӯдак, дар ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии ӯ тарбияи волидон аҳамияти бузург дорад”.

Рӯҳонии масеҳӣ аз шаҳри Хуҷанд Юрий Тарасов зикр мекунад, ки мувофиқи таълимоти дини масеҳӣ низ волидон дар назди фарзанд масъулият доранд.

“Дар таълимоти дини масеҳӣ таъкид мегардад, ки фарзандони худро ба хашм наоваред, балки инкишоф диҳед, таърбия кунед ва таълим диҳед. Дар ҳақиқат, мо – волидон баъзе вақт аз фарзандони худ интизомро сахт талаб мекунем ва ҳатто ба хашм меорем, ки нодуруст аст. Дар асл, ҳатто ҷазо додан ва нишон додани камбудиҳо ҳам бо муҳаббат сурат гирад, натиҷаи хуб медиҳад”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Таълиму тарбияи фарзанд дар таълимоти дини зардуштӣ, дини аҷдодони мо, низ мавқеи хос доштааст.

Ба андешаи диншинос ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Муқаддас Ҳалимова, дар таълимоти дини зардуштӣ ишора ба он мешавад, ки барои дар олам ҳукмрон будани некӣ одамони некбин зиёд бошад ва барои ин фарзандонро бо хислатҳои нек тарбия кардан лозим.

“Дар дини зардуштӣ сарвари оила пеш аз ҳама дар тарбияи оила маслиҳат медод ва сипас фарзандонашро таълим медод. Дар дастнависҳои то мо расида чунин ҷумлаҳо ҳаст: “Писарам, бегуноҳ бош, то тарсу ҳарос нашав. Боақл бош, то сарватманд бош. Шукри дӯстони хуб бош… Ба хешу табор ва ёру дӯстон итоат кун ва бо устоди худ ҷанҷол накун… Ба зану фарзандонат беҳтарин ва нектарин тарз муомила кун ва таълим бидеҳ”. Дар дини зардуштӣ ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ медоданд”, – мегӯяд Ҳалимова.

Ба андешаи олими ҷомеашинос, номзади илмҳои фалсафа Равшан Усанов гарчанд фарзандро ба дунё овардан масъулияти бузург аст, вале на ҳама волидайн инро дуруст дарк мекунанд.

“Тамоми динҳо дар тарбияи фарзанд падару модарро масъул медонад. Аз ҷумла, дар динҳои зардуштӣ, буддоӣ, масеҳӣ ва ислом. Ҷомеаи мо аз як тараф ба дин эътибори зиёд медиҳад, вале маҳз дар ҳамин масъалаи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд ба камбудиҳо роҳ медиҳад. Бемасъулиятӣ нишон медиҳад. Бинобар ин ҳам дар Тоҷикистон соли 2011 ҳатто қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд. Вале аксари падару модарон, гарчанд аз қабули ин қонун сенздаҳ сол гузашта бошад ҳам, боре онро нахондаанд ва аз талаботи он хабар надоранд”, – мегӯяд Усанов.

Муҳоҷират ҳам таъсир меравонад

Сайфулло Раҳматов, корманди Раёсати маорифи вилояти Суғд ба ин бовар аст, ки аз тарбияи бевоситаи волидон дур мондани қисме аз насли наврас сабабҳои иҷтимоӣ дорад.

“Яке аз сабаби асосии аз тарбияи бевоситаи волидайн дур мондани фарзандон ва ҳам зиёд будани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Вақте падар ё падару модар ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва фарзандони ноболиғро бо дигар хешовандон мемонад, онҳо аз тарбияи волидайн дур мешавад. Ин метавонад барои вайрон шудани тарбияи фарзандон оварда расонад. Бояд волидайн ба ин масъала эътиборӣ ҷиддӣ диҳанд. Онҳо танҳо таъминоти моддии фарзандашро фикр накунад, тарбияи маънавиро низ фикр кунад”, – мегӯяд Сайфулло Раҳматов.

Аксари ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунанд, ки барои коҳиши қонунвайронкунӣ миёни наврасон бояд аз ду институти муҳим – ахлоқ ва қонун дуруст истифода бурда шавад. Агар мувозинат нигоҳ дошта нашавад, дар ҷомеа мушкилиҳо зиёд мешавад.

Бояд зикр кард, ки дар моддаи 5-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қайд шудааст, ки “вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад”. Аммо мутаассифона на ҳама ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...