Блогери тоҷикро, ки духтарони салавянитаборро таҳқир мекард, метавонанд дубора ба ҳабс гиранд

Додгоҳи шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Симоноворо дар бораи рад шудани ҳабси блогер аз Тоҷикистон Салмон Раҷабзода (Салмон Ҷумъабой) бекор намуда, парвнада ба барррасии дубора фиристода шудааст. Дар ин бора Telegram-канали судҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия хабар медиҳад. Қаблан додгоҳи ноҳияи Симоновои Маскав ҳабси ӯро аз рӯи парванда ба гумони барангехтани бадбинӣ ва адоват (модд. […]

Додгоҳи шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Симоноворо дар бораи рад шудани ҳабси блогер аз Тоҷикистон Салмон Раҷабзода (Салмон Ҷумъабой) бекор намуда, парвнада ба барррасии дубора фиристода шудааст. Дар ин бора Telegram-канали судҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия хабар медиҳад.

Қаблан додгоҳи ноҳияи Симоновои Маскав ҳабси ӯро аз рӯи парванда ба гумони барангехтани бадбинӣ ва адоват (модд. 282, қ. 2, б. “в”, КҶ ФР) барои нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ рад кард.

“Рӯзи 17 январ Додгоҳи шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Симоноворо аз 9 январи соли 2024 рад кард. Тибқи ин қарор Раҷабзода С.Д. аз ҳабс раҳо шуд. Мавод ҷиҳати баррасии дубора ба додгоҳи ноҳияи Симонов ирсол шудааст”, – зикр мешавад дар хабар.

Блогер рӯзи 7 январ боздошт шуд. Додгоҳи Симоново дархости тафтишотро дар бораи ҳабси ӯ рад кард. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бо моддаи 282, қ. 2, б. “в” Кодекси ҷиноятии Русия (барангехтани бадбинӣ ва адоват, паст задани шаъну эътибори инсон) боз шудааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, Салмон Раҷабзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои саҳнавӣ нашр карда, дар онҳо назди духтарон мерафт ва аз онҳо рақами телефон мепурсид ё ба бӯсидан даъват мекард. Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки наворҳо хусусияти таҳқиркунанда доранд, зеро дар онҳо “духтарони русро масхара мекунанд”.

Додгоҳи ноҳияи Симоново рӯзи 9 январ блогерро озод кард, зеро ба чунин хулоса расид, ки далелҳои тафтишот этимодбахш нестанд. Агар айби Салмон Раҷабзода исбот шавад, ӯ метавонад ба муҳлати 6 сол равонаи зиндон гардад.

Қаблан зикр гардида буд, ки раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ҷараёни санҷиши далели навор бо таҳқирҳоро зери назорати шахсии худ гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.