Корпартоӣ ё иғво? Муҳоҷироне, ки дар “Химпек” баъди эътироз аз кор озод гардиданд, дубора ба кор баргаштаанд

Аз 35 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар корхонаи “Химпек”-и Русия бо талаби баланд кардани маош эътироз карда, баъдан аз ҷониби корфармо аз кор ронда шуданд, 25 нафарашон дубора ба кор баргардонида шудааст. Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия зимни як посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Намояндагӣ […]

Аз 35 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар корхонаи “Химпек”-и Русия бо талаби баланд кардани маош эътироз карда, баъдан аз ҷониби корфармо аз кор ронда шуданд, 25 нафарашон дубора ба кор баргардонида шудааст. Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия зимни як посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Намояндагӣ гуфт, бо мақсади муайян намудани ҳодиса дар якҷоягӣ бо кормадони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҷои ҳодиса рафта, бо роҳбарияти ширкат ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот кардаанд.

Ин ниҳод таъкид кард, ки сабаби корпартоии муҳоҷирон “иғвоангезии 2-3 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки қаблан дар Британияи Кабир кор мекараданд ва баъзеҳоро ба доми фиреб, қисми дигари кормандонро маҷбуриву бо роҳи тарс ба корпартоии оммавӣ маҷбур сохтаанд”.

Ба гуфтаи ин ниҳод “корфармо тамоми уҳдадориҳои худро дар доираи шартномаи меҳнатии бо кормандон имзошуда иҷро карда, ба ягон ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надодааст. Барои кормандон ҷойҳои кории мураттаб ва хобгоҳҳои озодаву таҷҳизонидашуда муҳайё намудааст”.

Бо вуҷуди ин, рӯзи 15-уми январи соли равон 55 корманд аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ӯзбек дар корхонаи саноатии “Химпек”-и шаҳраки Шахтинскии вилояти Ростов аз роҳбарияти корхона зиёд намудани музди меҳнат ва рухсатпулиро талаб намуда, маслиҳати корпартоии оммавӣ кардаанд.

Онҳо талаб кардаанд, ки маошашон 20-25 дарсад баланд карда шавад, дар ҳоле, ки ба гуфтаи намояндагии вазорат, соли 2023 маоши кормандон дар ҳудуди 15 фисад зиёд гардида, 80-85 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод гуфт, корхона шартҳои гузоштаи “иғвоангезон”-ро қабул накарда, маоши онҳоро барои 15 рӯзи корӣ дар моҳи январ пардохта, аз кор озод кардааст.

“Пас аз озод гардидани 25 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони расмӣ бо роҳбарияти корхона гуфтушунид гузаронида, нофаҳмиҳо рафъ гардида, онҳо бо пушамймонӣ аз кори худ ва бо ваъдаи дубора такрор накардани чунин амал ба ҷойи кор баргаштанд”, – гуфтанд аз намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия.

Назари худи муҳоҷирони корӣ дар корхонаи “Химпек” айни ҳол маълум нест. 

Ёдовар мешавем, ки дар бораи корпартоӣ ва баъдан аз кор ронда шудани қариб 100 муҳоҷири кории тоҷик бори аввал Радиои Озодӣ хабар дода буд.

Бояд гуфт, ки ширкати “Химпек” бузургтарин истеҳсолкунандаи зарфҳо ва борхалтаҳо барои боркашонӣ, таъминкунадаи ашёи хоми кимиёвӣ, металлургӣ, шиша, сафол, сохтмон ва дигар соҳаҳо мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.