“Фаъолияти озоди расонаҳо ва таъмини озодии баён”. Шартҳои Парлумони Аврупо барои пазируфтани Тоҷикистон ба “GSP+”

Asia-Plus

Парлумони Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки дар он аз амалкарди ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи расонаҳои мустақилу хабарнигорон, мунтақидони давлат ва вакилони мудофеъ сахт интиқод гардида, шартҳои асосӣ барои пайвастан ба барномаҳои имтиёздори Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст.

“Фаъолияти озоду мустақили расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ бунёди ҳар як ҷомеаи демократӣ аст; вазъи озодии баён бояд ҳангоми баррасии дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба GSP+ ба эътибор гирифта шавад,” – таъкид мегардад дар қатънома.

Бояд гуфт, ки охири соли 2023 Тоҷикистон барои шомил шудан ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) дархост пешниҳод карда буд. Қабул ба ин низом имкон медиҳад, ки беш аз 6 ҳазор намуди коло ба Иттиҳоди Аврупо бидуни боҷ содир карда шавад.

Ҳамкнун, Иттиҳоди Аврупо ба қабули қатънома шартҳояшро барои шомил шудани Тоҷикистон ба ин низом эълон кард. Қатънома рӯзи 18-уми январ қабул шуд. Дар он аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад, фишор ба матбуот ва саркӯбу ба зиндон андохтани хабарнигорон ва фаъолони маданиро бас карда, вакилони мудофеи зиндониро озод кунад.

Аз ҷумла, дар қатънома зикр мегардад, ки хабаргузории “Азия-Плюс” ва кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ пайваста таъқибу таҳдид мешаванд ва бо мушкили дарёфти парвонаи кор (аккредитатсия) дучор ҳастанд.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон тибқи аҳдҳои байнулмилалӣ хабарнигорони бе муҳокимаи шаффофу одилона паси панҷара андохта озод гарданд. Дар қатънома аз номи хабарнигорону блогерони давоми ду соли охир зиндонишудаи тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммазода, Улфатхоним Мамадшоева ном бурдаанд.

Номи ду вакили дифои зиндонӣ – Манучеҳр Холиқназаров ва Бузургмеҳр Ёровро низ дар қатънома таъкид мешавад ва аз хукумати Тоҷикистон даъват мегардад, ки онҳоро раҳо кунад.

Бояд зикр кард, ки як рӯз пеш аз қабули қатънома аз ҷониби Парлумони Аврупо, Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, низ чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро дар робита ба таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии ҷомеаи шаҳрвандӣ “номуносиб” номид.

“Ҳукумати Тоҷикистон далоили амниятӣ, мубориза бо терроризму ифротгароии исломиро сабаби маҳдудиятҳо медонад. Иттиҳоди Аврупо ин нигарониҳои амниятии Тоҷикистонро эътироф мекунад, вале чораҳои андешидаи мақомотро муносиб намедонад”, – гуфт ӯ.

Таъкид мегардад, ки аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо дархост шудааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеони ҳуқуқи башар ва кормандони расонаҳои мустақилро дар Тоҷикистон, ки ба ҳимоят эҳтиёҷ доранд, бо додани раводид ё бо сармоягузорӣ пуштибонӣ кунанд.

Тоҷикистон то ҳол ба ин қатъномаи қабулкардаи Парлумони Аврупо вокуниш накардааст ва маълум нест, ки то куҷо аз нигаронии ин созмон огоҳ аст ва онро эътироф мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар гузашта созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳо низ дар гузоришҳои худ аз ҳукумати Тоҷикистон қатъи фишор ба расонаҳо ва таъмини ҳуқуқи инсонро талаб карда буданд. Мақомоти Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки ин гузоришҳо баёнгари вазъи воқеӣ нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...