Маълум шуд, ки кай дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад

Бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун” ҳаҷми кофии барқро барои бартараф намудани кмбуди он дар мавсими зимистон таъмин мекунад, гуфта мешавад дар “Арзёбии навшудаи таъсири лоиҳаи “НБО Роғун” ба муҳити зист ва бахши иҷтимоӣ”. Дар ҳуҷҷати барои машварат пешбинишуда зикр мегардад, ки айни замон таъмин бо неруи барқ дар Тоҷикистон хусусияти мавсимӣ дорад: тобистон барзиёдӣ ва […]

Бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун” ҳаҷми кофии барқро барои бартараф намудани кмбуди он дар мавсими зимистон таъмин мекунад, гуфта мешавад дар “Арзёбии навшудаи таъсири лоиҳаи “НБО Роғун” ба муҳити зист ва бахши иҷтимоӣ”.

Дар ҳуҷҷати барои машварат пешбинишуда зикр мегардад, ки айни замон таъмин бо неруи барқ дар Тоҷикистон хусусияти мавсимӣ дорад: тобистон барзиёдӣ ва зимистон – камбуди он ба мушоҳида мерасад.

“Аз ин вазъият бештар сокинони деҳот ва манотиқи дурдаст азият мекашанд”, – таъкид мекунанд муаллифони ҳуҷҷате, ки дар сомонаи ҶСК “НБО Роғун” нашр шудааст.

Айни замон ба сокинони деҳот неруи барқ бо реҷаи маҳдуд – якчанд соат субҳ ва якчанд соати дигар шом интиқол дода мешавад.

Дар Арзёбии навшуда гуфта мешавад, сохтмони обанбори Роғун соли 2029 пурра ба анҷом мерасад: он сол то сол дар доираи маҳдудияти тақсимоти об байни кишварҳои минтақа бештар пур шуда, соли 2036 ба сатҳи ниҳоӣ мерасад.

Қобили зикр аст, ки неругоҳ танҳо пас аз то сатҳи ниҳоӣ пур шудани обанбор бо иқтидори пурра кор карда метавонад.

Дар ҳуҷҷат таъкид мешавад, ки иқтидори умумии муқарраршудаи Неругоҳи барқи обии Роғун 3600 Мвт-ро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, ки баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он дар як сол тақрибан ба 17 млрд кВт-соат хоҳад расид.

Дар лоиҳаи неругоҳи Роғун сохтмони сарбанди баландиаш 335 метр бо обанбори дарозиаш ҳудуди 80 км ва паҳноии 4 км, инчунин гидротурбинаҳо, хатҳои интиқоли барқ ва иншооти зерсохтор пешбинӣ шудааст.

Муҳлати пешбинишудаи истифодаи ин неругоҳ 115 сол арзёбӣ мешавад.

Обанбори танзими бисёрсола ба пур кардан ва партоби об ба поёноби маҷро барои коҳиши камбуди об дар давраҳои хушксолӣ имкон медиҳад.

Сарбанди неругоҳи Роғун ба тобоварӣ дар ҳолатҳои ҳадди аксари обхезии эҳтимолӣ тарҳрезӣ шуда, ба муҳофизати силсилаи неругоҳҳо дар маҷрои поёноб дар шароити обхезӣ кумак мекунад.

Маълумотнома

НБО Роғун аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол инҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Айни ҳол ду агрегати НБО Роғун ба кор андохта шудаанд

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.