Аз истирдод то бозпас додани маҳкумшудагон. Вакилони парлумон се созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатарро ба тасвиб расониданд

Asia-Plus

Имрӯз вакилони парлумон се созишнома оид ба истирдод, бозпас додани маҳкумшудагон ва ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ миёни Тоҷикистон ва Қатарро ба тасвиб расониданд.

Ба иттилои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ин иҷлосия се созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатар ба тасвид расид:

– Созишномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Қатар;

– Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар;

– Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Инчунин, дар ин иҷлосия аз ҷониби вакилони парлумон Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “НБО Роғун” байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд ба тасвиб расидааст.

Вакилони парлумон ҳамзамон лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҳам ба тасвиб расонидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...