Чӣ гуна дар 41-солагӣ метавон президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон шуд? Кист ӯ?

Дар як муддати нисбатан кутоҳ ба ӯ муяссар шуд, ки аз муҳосибӣ то мансаби ректори донишгоҳи бонуфузи кишвар расида, баъдан ба мақоми президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) таъин шуд. Ҳарчанд ӯ ҳоло ҳамагӣ 41 сол дорад. Қобилҷон Хушвахтзода 5-уми июни соли 1982 дар оилаи омӯзгор дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Дар ҳамин […]

Дар як муддати нисбатан кутоҳ ба ӯ муяссар шуд, ки аз муҳосибӣ то мансаби ректори донишгоҳи бонуфузи кишвар расида, баъдан ба мақоми президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) таъин шуд. Ҳарчанд ӯ ҳоло ҳамагӣ 41 сол дорад.

Қобилҷон Хушвахтзода 5-уми июни соли 1982 дар оилаи омӯзгор дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Дар ҳамин ҷо таҳсил карда, соли 1999 мактабро хатм кардааст.

Таҳсилашро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисод идома дода, соли 2004 онро бо ихтисоси “баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит” хатм кардааст.

Аз ҳамин вақт инҷониб ба зинаҳои касбӣ болоравии ӯ босуръат ҷараён мегирад:

Солҳои 2004-2011 – ассистенти кафедраи “Таҳлили иқтисодӣ ва аудит”-и факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди ДМТ;

Солҳои 2005-2009 – аллакай муовини декан оид ба илм ва тарбия ва аз соли 2009 то 2013 – муовини декан оид ба корҳои таълимии шуъбаи рӯзона.

Солҳои 2011 – 2012 – и.в. сардори шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва аудит ва солҳои 2013-2017 – сардори ин шуъба.

Солҳои 2018-2019 – сардори шуъбаи муҳосибии ДМТ.

Аз соли 2019 Хушвахтзода декани факултаи моливӣ ва иқтисодии донишгоҳ ва аз моҳи январи соли 2020 – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Барои хидматҳояш Қобилҷон Хушвахтзода бо ифтихорномаву унвон ва мукофотҳо қадрдонӣ шудааст. Муаллифи зиёда аз 170 маводи илмӣ мебошад.

Тавре ки дар манобеъи боз (wikipedia.org) омадааст, дар корҳои илмии Хушвахтзода ба таҳқиқи маҳсулоти кишоварзӣ аз паҳлӯҳои мухталиф таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Корҳои ӯ аз ҷанбаҳои назариявӣ ва илмии марбут ба ҳисоб ва таҳлили маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун унсури муҳими иқтисод иборатанд.

Ӯ инчунин низоми баҳисобгирӣ ва таъминот бо маҳсулоти рақобатпазирро таҳқиқ карда, таҳлили иқтисодӣ ва омории рақобатпазирии онҳоро анҷом додааст. Ғайр аз ин, ба омӯзиши тарзҳои идоракунӣ дар бахши кишоварзӣ машғул шуда, инчунин омилҳои таъсиррасон ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзиро дар шароити иқтисоди муосир мавриди арзёбӣ ва таҳлил қарор додааст.

Доғи ношуста дар ҳолнома

Дар ҳамин ҳол, ҷараёни ба зинаҳои мансаб боло рафтани ӯ бо иттиҳомоти асардуздӣ (плагиат) халалдор шуд. Сомонаи «Диссернет», ки ба ошкор кардани асардуздӣ машғул аст, шабоҳати кори ӯ – «Рақобатпазирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар иқтисоди омехта: бар асоси мавод оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо рисолаи номзадии шахсе бо номи Алексей Анатольевич Головинро зикр кардааст.

Головин рисолаи номзадии худро соли 2000-ум ҳимоя кардааст. Ба гуфтаи намояндагони “Диссернет”, Хушвахтзода аз кори – "Рақобатпазирии хоҷагиҳои фермерӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ: бар асоси мавод оид ба Курск" 94 саҳифа нусхабардорӣ карда, хеле дертар – 24 апрели соли 2010 дифоъ кардааст.

Хушвахтзода дар бораи ин иттиҳомот изҳори назар накардааст.

Диссернет як ҷомеаи мустақили интернетӣ аст, ки аз олимони касбии машғули кор соҳаҳои мухталифи илмӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар хориҷи кишвар, инчунин рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ризокорон иборат аст.

Фаъолияти асосии он ба гузаронидани санҷиши ҷамъиятии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки аз охири солҳои 90-ум дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии Русия дифоъ шудаанд, равона гардидааст.

“Диссернет” ба васеъ паҳн намудани натиҷаҳои ин санҷишҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

… Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки акнун ба он Хушвахтзода сарварӣ мекунад, яке аз муътабартарин муассисаҳои илмии кишвар аст, ки дар гузашта дар он олимони барҷаста чун Садриддин Айнӣ ва Муҳаммад Осимӣ фаъолият доштанд. Таъини Хушвахтзодаи 41-сола ба ин вазифаи пурмасъулият дар таърихи академия саҳифаи нав боз мекунад.

Вақт нишон хоҳад дод, ки раҳбарии ӯ то куҷо муваффақ хоҳад буд ва ин таъинот ба ҷомеаи илмии Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.