Ҷаласаи ҳукумат зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон идома дорад

Нимаи аввали имрӯз, 24-уми январ, дар Душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар оғоз гардид. Бино ба хабари хадамоти матбуоти расиси ҷумҳур, “дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, […]

Нимаи аввали имрӯз, 24-уми январ, дар Душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар оғоз гардид.

Бино ба хабари хадамоти матбуоти расиси ҷумҳур, “дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд”.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023 мафассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда мешавад.

То ҳол дар бораи натоиҷи ин ҷаласа хабари расмӣ интишор нашудааст. Солҳои қаблӣ баъди баргузории ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат одатан тағйироти кадрӣ сурат мегирифт ва баъзе коршиносон тахмин мекунанд, ки зимни ин ҷаласа низ эҳтимол аст тағйироти кадрӣ сурат гирад.

Радиои Озодӣ менависад, ки ҷаласаи ҳукумат айни ҳол идома дорад. Хабарнигорони ин расона дар атрофи бинои ҳукумат теъдоде аз низомиёнро дидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.