Аз истирдод то бозпас додани маҳкумшудагон. Вакилони парлумон се созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатарро ба тасвиб расониданд

Имрӯз вакилони парлумон се созишнома оид ба истирдод, бозпас додани маҳкумшудагон ва ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ миёни Тоҷикистон ва Қатарро ба тасвиб расониданд. Ба иттилои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин иҷлосия се […]

Имрӯз вакилони парлумон се созишнома оид ба истирдод, бозпас додани маҳкумшудагон ва ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ миёни Тоҷикистон ва Қатарро ба тасвиб расониданд.

Ба иттилои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ин иҷлосия се созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатар ба тасвид расид:

– Созишномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Қатар;

– Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар;

– Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Инчунин, дар ин иҷлосия аз ҷониби вакилони парлумон Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “НБО Роғун” байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд ба тасвиб расидааст.

Вакилони парлумон ҳамзамон лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҳам ба тасвиб расонидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.