Ҷалби беш аз 160 мансабдор ба ҷавобгарӣ барои қонуншиканиҳо дар масъалаи замин

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши заминҳо, худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳоло ҳам аз байн нарафтаанд.

Матни суханронии сарвари давлатро хадамоти матбуоти президент дар саҳифаи расмиаш нашр кардааст.

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳодисаҳои аз ҷониби роҳбарият ва баъзе кормандони ҳукумати маҳаллӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шахсони алоҳида тақсимоти ғайриодилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ то ҳанӯз ҷой доранд.

“Соли гузашта нисбат ба 161 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 5 корманди ҳукумат, 4 меъмор, 25 корманди кумитаи идораи замин, 55 нафар корманди корхонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, 65 нафар раисон ва муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, 7 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар робита ба масъалаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуданд”, – зикр кардааст сарвари давлат.

Гуфта мешавад, онҳо барои ғайриқонунӣ додани замин, сохтакории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои президент, қариб 18 ҳазор гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Зикр мегардад, ки инчунин, ғасби беш аз 51 гектар заминҳои соҳаи маориф ошкор гардида, 25 гектари он (Шаҳритус 2,7 гектар, Ҷаббор Расулов 2,6, Бобоҷон Ғафуров 1,9, Истаравшан 1,8, Панҷ 1,8, Восеъ 1,6, Деваштич 1,4, Конибодом 0,90 гектар ва дигар шаҳру ноҳияҳо) ба ҳолати аввала баргардонида, 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...