Ҷалби беш аз 160 мансабдор ба ҷавобгарӣ барои қонуншиканиҳо дар масъалаи замин

Зимни суханронӣ дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши заминҳо, худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳоло ҳам аз байн нарафтаанд. Матни суханронии сарвари давлатро хадамоти матбуоти президент дар саҳифаи расмиаш нашр кардааст. Ба гуфтаи сарвари давлат, […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши заминҳо, худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳоло ҳам аз байн нарафтаанд.

Матни суханронии сарвари давлатро хадамоти матбуоти президент дар саҳифаи расмиаш нашр кардааст.

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳодисаҳои аз ҷониби роҳбарият ва баъзе кормандони ҳукумати маҳаллӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шахсони алоҳида тақсимоти ғайриодилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ то ҳанӯз ҷой доранд.

“Соли гузашта нисбат ба 161 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 5 корманди ҳукумат, 4 меъмор, 25 корманди кумитаи идораи замин, 55 нафар корманди корхонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, 65 нафар раисон ва муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, 7 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар робита ба масъалаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуданд”, – зикр кардааст сарвари давлат.

Гуфта мешавад, онҳо барои ғайриқонунӣ додани замин, сохтакории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои президент, қариб 18 ҳазор гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Зикр мегардад, ки инчунин, ғасби беш аз 51 гектар заминҳои соҳаи маориф ошкор гардида, 25 гектари он (Шаҳритус 2,7 гектар, Ҷаббор Расулов 2,6, Бобоҷон Ғафуров 1,9, Истаравшан 1,8, Панҷ 1,8, Восеъ 1,6, Деваштич 1,4, Конибодом 0,90 гектар ва дигар шаҳру ноҳияҳо) ба ҳолати аввала баргардонида, 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ