Мулоқоти навбатии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар Бӯстон

Asia-Plus

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд имрӯз, 26 январ гуфтушуниди навбатӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бургузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти навбатӣ ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев масъалаҳои таъйини сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо ҷиҳати идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои дахлдор дода шуд.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ хабар дода намешавад.

Тавре қаблан хабар дода будем, чунин вохӯрӣ дар давраи аз 10 то 15 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Ботканди Қирғзистон доир гардида буд.

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 38,35 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуда, Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Рӯзи 12 январ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар Ботканд гуфтушунид анҷом доданд.

Тавре ки АКИpress бо истинод ба гуфтаҳои Ятимов хабар дода буд, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар самтҳои Қулунду, Мақсат ва Арка ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.

“Пиромуни ин масъалаҳо мо ба тавофуқи усулӣ ноил шудем. Мо лоиҳаи протоколро тайёр кардем. Ҳамаи ҷонибҳо пурра розианд. Мо як қадами хеле бузург ба сӯи пеш мегузорем. Мо бо боварӣ супоришҳои роҳбарони ду кишварро иҷро мекунем”, – гуфт Ятимов.

Қамчибек Тошиев низ аз расидан ба тавофуқи усулӣ дар бархе қитъаҳои марз суҳбат кард.

Вай аз ҷумла гуфт, дар масъалаи деҳаи Мақсат, ки қариб 15 километр тӯли марз аст, ба тавофуқи усулӣ ноил шудаанд ва гуруҳҳои корӣ бояд акнун ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд.

Пештар аз ин вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи  10-уми январи соли 2024 изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ дар ин робита аввали моҳи декабр зикр карда буд, ки анҷоми ҳамаи корҳои оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо баҳори соли 2024 дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...