Боз як футболбози боистеъдоди тоҷик ба Қазоқистон рафт

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Футболбози 19-солаи тоҷик, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов бо ҳуқуқи агенти озод ба бошгоҳи “Атирау” аз Қазоқистон гузашт. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, қарордод то охири соли 2024 пешбинӣ шудааст.

Аҳтамов пештар дар ҳайати тими “Атирау” дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ  дар Туркия буд. Ӯ ду маротиба дар ҳайати асосии ин даста муқобили “Ротор” (1:4) ва “Академияи Пандева”-и Македония (2:1) бозӣ кардааст.

Фахриддин Аҳтамов дастпарвари тими “Локомтив”-и Душанбе аст. Ҳамчунин ӯ дар тими дигари пойтахт – “Динамо” бозӣ кардааст.

Дар Тоҷикистон ахиран аз моҳи январи соли гузашта дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ карда, дар ҳамаи вохӯриҳои мавсими гузашта ҳамагӣ 17 бозӣ гузаронидааст.

Фахриддин Аҳтамов бозингари мунтхаби Тоҷикистон (U-23) буда, дар ҳайати ин даста 2 бор бозӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки тими “Атирау” бори навбатӣ аз дастаҳои Тоҷикисон футболбози ҷавони боистеъдодро ҷалб мекунад. Тобистони соли гузашта нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон (U-23) Фатҳулло Олимзода ба ин даста гузашта буд, ки дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекард.

Акнун дар мавсими соли 2024 дар ҳайати дастаи Қазоқистон ду футболбози тоҷик – Аҳтамов ва Олимзода бозӣ мекунанд.

Чанд мавсим пештар “Атирау” бозингари он замон ҷавон ва ояндадор Хусрав Тоировро ба дастаи худ гирифта буд. Баъдан ӯро ба маблағи 300 ҳазор евро ба “Шахтёр”-и Украина фурӯхтанд.

Аз эҳтимол дур нест, ки ин ду футболбози тоҷики ҳозира дар ҳайати “Атирау” низ баъдан гаронтар ба дигар тимҳо фурӯхта шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...