Боз як футболбози боистеъдоди тоҷик ба Қазоқистон рафт

Футболбози 19-солаи тоҷик, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов бо ҳуқуқи агенти озод ба бошгоҳи “Атирау” аз Қазоқистон гузашт. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, қарордод то охири соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аҳтамов пештар дар ҳайати тими “Атирау” дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ  дар Туркия буд. Ӯ ду маротиба дар ҳайати асосии ин даста муқобили “Ротор” (1:4) ва “Академияи Пандева”-и Македония […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Футболбози 19-солаи тоҷик, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов бо ҳуқуқи агенти озод ба бошгоҳи “Атирау” аз Қазоқистон гузашт. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, қарордод то охири соли 2024 пешбинӣ шудааст.

Аҳтамов пештар дар ҳайати тими “Атирау” дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ  дар Туркия буд. Ӯ ду маротиба дар ҳайати асосии ин даста муқобили “Ротор” (1:4) ва “Академияи Пандева”-и Македония (2:1) бозӣ кардааст.

Фахриддин Аҳтамов дастпарвари тими “Локомтив”-и Душанбе аст. Ҳамчунин ӯ дар тими дигари пойтахт – “Динамо” бозӣ кардааст.

Дар Тоҷикистон ахиран аз моҳи январи соли гузашта дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ карда, дар ҳамаи вохӯриҳои мавсими гузашта ҳамагӣ 17 бозӣ гузаронидааст.

Фахриддин Аҳтамов бозингари мунтхаби Тоҷикистон (U-23) буда, дар ҳайати ин даста 2 бор бозӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки тими “Атирау” бори навбатӣ аз дастаҳои Тоҷикисон футболбози ҷавони боистеъдодро ҷалб мекунад. Тобистони соли гузашта нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон (U-23) Фатҳулло Олимзода ба ин даста гузашта буд, ки дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекард.

Акнун дар мавсими соли 2024 дар ҳайати дастаи Қазоқистон ду футболбози тоҷик – Аҳтамов ва Олимзода бозӣ мекунанд.

Чанд мавсим пештар “Атирау” бозингари он замон ҷавон ва ояндадор Хусрав Тоировро ба дастаи худ гирифта буд. Баъдан ӯро ба маблағи 300 ҳазор евро ба “Шахтёр”-и Украина фурӯхтанд.

Аз эҳтимол дур нест, ки ин ду футболбози тоҷики ҳозира дар ҳайати “Атирау” низ баъдан гаронтар ба дигар тимҳо фурӯхта шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.