Кумитаи забон: “Хулосаи ташхиси китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” хусусияти махфӣ дорад”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони Ибни Сино, ки ба қавли мақомоти Тоҷикистон “боиси барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ шуд” ва ҳоло муаллиф дар боздошт қарор дорад, аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот мавриди санҷиши забоншиносӣ қарор гирифтааст, аммо натиҷаи он расонаӣ нагашта, гуфта мешавад, ки “хусусияти махфӣ дорад”.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот имрӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин ниҳод давоми соли 2023-юм 10 хулосаи санҷиши забоншиносӣ анҷом додааст.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди санҷиши забоншиносии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода тасдиқ кард, ки китоби мазкур ҳам аз ҷониби ин ниҳод аз санҷиши забоншиносӣ гузаштааст.

“Мо хулоса пешниҳод кардем. Ин хусусияти махфӣ дорад. Дар сурати муроҷиати хаттӣ ба воситаи идораҳои дахлдор мо ба шумо гуфта метавонем, ки чӣ хулоса пешниҳод кардем”, – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, 4 ниҳоди давлатии Тоҷикистон муҳтавои китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзодаро санҷидаанд.

Ин ниҳод гуфта буд, “китоб аз ташхиси комютерӣ, динӣ, адабӣ-сиёсӣ ва равоншиносӣ гузашт”.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Нашри ин китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди маҳалгароиро ба миён овард. Худи ӯ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, “тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст”.

Моҳи август Абдухалил Холиқзода, як моҳ пас аз ин Абдуқодири Рустам, нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик, ки номаш дар китоб зикр шудааст ва чанде баъд Суҳроб Раҷабзода, мудири чопхонае, ки китобро интишшор кардааст, боздошт шуданд.

Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки муаллифи китоб барои барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ё дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Баъдан, чанд мансабдори тоҷик, аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Ҳоло парвандаи ҳамаи боздоштшудагон ба додгоҳ ирсол шудааст, аммо дар бораи ҷараёни муҳоқимаи он расонаӣ намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...