Фиристодаи Толибон роҳбари Сафорати Афғонистон дар Тошканд шуд

Муғфуруллоҳ Шаҳоб, писари сарпарасти вазорати саноати кӯҳии Афғонистон ба ҳайси сафири Толибон дар Ӯзбекистон пазируфта шудааст. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон* дар саҳифаи Х (Твиттери пешин)-и худ хабар додааст. “Силсилаи қабули сафирони Афғонистон ва супурдани сафорат дар кишварҳои ҷаҳон бо суръати баланд идома дорад! Сафорати Афғонистон дар Ӯзбекистон ба Мавлӣ Муғфуруллоҳ Шаҳоб, […]

Asia-Plus

Муғфуруллоҳ Шаҳоб, писари сарпарасти вазорати саноати кӯҳии Афғонистон ба ҳайси сафири Толибон дар Ӯзбекистон пазируфта шудааст.

Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон* дар саҳифаи Х (Твиттери пешин)-и худ хабар додааст.

“Силсилаи қабули сафирони Афғонистон ва супурдани сафорат дар кишварҳои ҷаҳон бо суръати баланд идома дорад!

Сафорати Афғонистон дар Ӯзбекистон ба Мавлӣ Муғфуруллоҳ Шаҳоб, сафири Имороти Исломӣ супурда шуд”, – навиштааст Забеҳулло Муҷоҳид.

Хабари таслими Сафорати Афғонистон дар Ӯзбекистон ба намояндаи Толибон ҳафтаи гузашта расонаӣ гардид, аммо расман касе тасдиқ накарда буд.

Мақомоти Ӯзбекистон ҳам то ҳол дар ин бора расман изҳори назар накардаанд.

Муғфуруллоҳи Шаҳоб айни ҳол Сафорати Афғонистон дар Ӯзбекистонро амалан роҳбарӣ мекунад, аммо расман пас аз қабули эътимодномаи ӯ аз сӯйи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба кор оғоз менамояд.

Нафари таъинкардаи Толибон дар курсии сафирӣ Аҳмад Холид Илмиро иваз кард, ки аз ҷониби ҳукумати қаблӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.

Пештар аз ин, Чин низ эътимодномаи намояндаи таъйиншудаи Толибонро пазируфта буд. Чин аввалин кишваре дар ҷаҳон шуд, ки бо ҳукумати Толибон равобити дипломатӣ барқарор кард.

Давлатҳои боқимондаи минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон то ҳол Сафорати Афғонистонро ба намояндаи Толибон таслим накардааст ва сафири пешини ин кишвар чун намояндаи мардуми Афғонистон фаъолият дорад.

Ҳарчанд хабарҳо дар бораи таслими консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба намояндаи Толибон интишор шуданд, аммо мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора шарҳи расмӣ надодааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.