Маҳсулоти арзонтар аз нархи бозор. Санаи ташкили ярмаркаҳо дар Душанбе маълум шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар арафаи Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад, ки нархи маҳсулот дар он нисбати бозорҳо арзонтар аст. Ярмарка 16-уми март оғоз гардида, то 20-уми март идома мекунад.

Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”-и пойтахт, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (рӯбарӯи беморхонаи “Шифобахш”, маъруф ба “Қараболо”) ва даромадгоҳи боғи Куруши Кабир дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешаванд.

Сокинони пойтахт метавонанд гӯшт, орд, равған, биринҷ, қанд, маҳсулоти донагӣ ва сабзавоту меваҷотро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Аммо нархи маҳсулот мушаххасан гуфта намешавад, танҳо таъкид мегардад, ки он чанд рӯз қабл аз оғози ярмаркаҳо муайян карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ярмаркаҳо бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...