Маркази миллии тестӣ: “Зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ нест”

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Низоми имтиҳонии Тоҷикистон самаранок фаъолият мекунад ва айни замон ба тағйирот ё навоварӣ ниёз надорад. Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ дирӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, айни ҳол низоми тестӣ аз ӯҳдаи вазифаи худ пурра мебарояд, аз ин рӯ, зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ вуҷуд надорад.

“Агар имтиҳонсупорӣ тариқи тест самара наорад, он гоҳ зарурати ҷорӣ кардани баъзе аз имтиҳонҳои иловагӣ пайдо мешавад”, – таъкид кард Абдулбосит Шодиниё.

Дар робита ба ақидаи маъмуле, ки “тест танҳо дониши сатҳиро месанҷад ва ба қобилияти мулоҳизаронӣ, тафаккури интиқодӣ ва эҷодкории довталабон баҳо дода наметавонад” Абдулбосит Шодиниё гуфт, ки “ҳеҷ имтиҳон ба раванди таълим таъсири манфӣ гузошта наметавонад”.

“Ин ки тест ё ягон имтиҳони дигар метавонад ба дониш таъсир расонад ақидаи ғалат ва ботил аст. Раванди ташаккули дониш ва маҳорату малака аз раванди имтиҳонгирӣ, ки факт ё ҳолати ташаккулро месанҷад, фарқ дорад”, – зикр кард Абдулбосит Шодиниё.

Вале дар Маркази миллии тестӣ қоиланд, ки бо ин ё он восита натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ метавонад ба сифати таҳсилот таъсир дошта бошад. Аммо ба кадом шакл, дақиқ нагуфтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...