ММТ дар 59 шаҳру навоҳӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ боз мекунад

Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди Президенти Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо мақсади омӯзиш ва интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар соли ҷорӣ оғоз кард. Тавре ки дар саҳифаи Марказ дар Facebook хабар дода мешавад, ин тасмим ба шаффофу дастрас баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-2024 мусоидат мекунад. Гуфта мешавад, мувофиқи нақша, […]

Asia-Plus

Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди Президенти Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо мақсади омӯзиш ва интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар соли ҷорӣ оғоз кард.

Тавре ки дар саҳифаи Марказ дар Facebook хабар дода мешавад, ин тасмим ба шаффофу дастрас баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-2024 мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, мувофиқи нақша, дар 43 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо 154 истгоҳи корӣ ва дар 16 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда хоҳанд шуд.

“Нуқтаҳои мазкур барои фаъолият дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД‑2024, ки чун солҳои пеш аз 1-уми март оғоз мегардад, пешбинӣ гардидааст”, – омадааст дар хабар.

Тибқи эълон, аз тариқи электронӣ 529 нафар хоҳишманд ариза пешниҳод намуда, аз ин шумор мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда 482 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Шумораи кормандоне, ки дар асоси озмун барои кор дар давраи якуми бақайдгирии довталабон (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2024) дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, 241 нафарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.