Ҳамаи занону кӯдакони аз Сурияву Ироқ баргашта ба оилаҳои худ пайвастаанд

Asia-Plus

Ҳамаи 339 занону кӯдакони тоҷик, ки дар се давра- 2019, 2022 ва 2023 аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон оварданд, ба оилаву наздикони худ пайвастаанд. Дар ин бора Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, дар се давра Тоҷикистон 339 зану кӯдаки тоҷикро аз минтақаҳои ҷангзада баргардонид, ки 231 нафари онҳо кӯдакон буданд.

“Аз моҳи март то ноябри соли 2023 ҳамаи занону кӯдакон, аз ҷумла 84 кӯдаки бидуни тарбияи падару модар монда, ба оилаву наздиконашон баргардонида шуданд”, – гуфт ин масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бори аввал соли 2019 нахустин гурӯҳи 89-нафараи кӯдакони ҷангҷӯёнро, ки аз 1 то 18-сола буданд, аз Ироқ ба Ватан баргардонид.

Бори дуввум, 26-уми июли соли 2022 гуруҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон – иборат аз 146 зану кӯдак аз Сурия оварда шуданд.

Ҳамин тариқ, моҳи майи соли гузашта гурӯҳи сеюми занону кӯдакони иборат аз 104 нафар ба ватан баргардонида шуданд.

Ҳамаи онҳо дар ҷойҳои махсус, аз ҷумла истироҳатгоҳҳо ва мактаб-интернатҳо ба табобату офиятбахшӣ фаро гирифта шуда буданд ва давра ба давра ба оилаву наздиконашон пайвастанд.

Суҳайлӣ Қодирӣ дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, марҳалаи баргардонидани занону кӯдакони боқимондаи тоҷик дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ идома дорад

“Дар муҳлатҳои наздиктарин дар ҳамкорӣ бо корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои алоҳида теъдоди дигари шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида мешаванд. Сиёсат ва ирода дар ин самт вуҷуд дорад ва мо ҳамаи кӯдакони тоҷики дар минтақаҳои ҷангзада қарордоштаро  ба Тоҷикистон бармегардонем. Чунки будани онҳо дар ин минтақаҳо барои мо хатар эҷод мекунад”, – гуфт суҳайлӣ Қодирӣ.

Ин масъули давлатӣ гуфт, ҳамаи масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки зимни баргардонидани занону кӯдакон ба оилаву наздиконашон пайдо шуд, ҳалли худро ёфт. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ буданд оилаҳое, ки аз қабули дубораи онҳо худдорӣ мекарданд.

Вай афзуд, бархе аз кӯдакони баргардонида ҳатто забони тоҷикиро намедонистанд ва ё умуман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, ки ин ҳама мушкилиҳо дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои масъул ҳалли худро ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, занон дар минтақаҳои нигоҳдорӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуданд ва ҳоло дар зиндагиашон истифода мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, аз соли 2013 пас аз сари қудрат омадани ҷангҷӯёни ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнуи “Давлати исломӣ” ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо пайвастаанд. Бархе мардон зану фарзандони худро низ бо худ ба Ироқу Сурия бурданд.

Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 бештари мардони ба он гуруҳ пайвастаи тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимни амалиётҳои ҷангӣ инчунин бархе занону кӯдакони тоҷик низ кушта шуданд. Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон (занону кӯдакон) дар Сурия ба асорати нерӯҳои курд афтида, дар урдугоҳҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Бештари занони тоҷик ва наздикони онҳо борҳо ба расонаҳо гуфтаанд, ки ба доми фиреб афтида ва аз пайи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...