Панҷ сокини Суғд нахостаанд ба Тоҷикистон баргарданд. Онҳо дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул будаанд

Соли 2023 мақомоти масъули вилояти Суғд 1 нафарро, ки дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул будааст, ба Тоҷикистон баргардонидаанд, аммо 5 нафари дигар нахостаанд баргарданд. Сӯҳроб Рустамзода, сардори Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, як нафаре, ки баргашт, сокини шаҳри Хуҷанд буда, дар Амороти […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Соли 2023 мақомоти масъули вилояти Суғд 1 нафарро, ки дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул будааст, ба Тоҷикистон баргардонидаанд, аммо 5 нафари дигар нахостаанд баргарданд.

Сӯҳроб Рустамзода, сардори Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, як нафаре, ки баргашт, сокини шаҳри Хуҷанд буда, дар Амороти Муттаҳидаи Араб таҳсил мекард.

“Панҷ нафари дигар бо сабабу баҳонаҳои гуногун барнагаштаанд, ё баъди баргаштан, бо баҳонаи беморию табобат, ё муҳоҷирати меҳнатӣ дубора ба макони таҳсилашон баргаштанд. Ҳарчанд якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят талош кардем, аммо онҳо розӣ нашуданд, ки баргарданд. Айни ҳол бо волидони онҳо ҳамкорӣ мекунем”, – гуфт Сӯҳроб Рустамзода.

Ҳоло як сокини шаҳри Конибодом, 2 сокини ноҳияи Мастчоҳ, як сокини шаҳри Панҷакент ва як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар хориҷа таҳсили ғайриқонунии динӣ мегирифтаанд.

“Мо ба хулосае омадем, ки онҳо аслан хоҳиши баргаштан надоранд. Аз рафтанашон солҳои зиёд гузаштааст, шояд дар давлатҳои хориҷ монданро ихтиёр кардаанд”, – афзуд Сӯҳроб Рустамзода.

Дар умум, тибқи иттилои ӯ, давоми 10 соли охир 722 сокини вилояти Суғд барои таҳсили динӣ ба хориҷа рафтаанд ва 717 нафри онҳо баргаштаанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чанд сол пеш ба баргардонидани шаҳвандонаш, ки дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул буданд, оғоз кард ва ҳазорон нафар аз давлатҳои дигар баргардонида шуданд. Мақомот мегӯяд, барои идома таҳсили онҳо дар Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст, аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки на ҳамаи онҳое, ки аз хориҷа баргардониданд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.