Эмомалӣ Раҳмон ба додситонҳои навтаъин барои омӯзиши ду забони хориҷӣ як сол муҳлат дод

Имрӯз, 14-уми феврал, дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти додситонӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Роҳбари давлат бо кадрҳои нав мулоқот карда, ба онҳо як сол муҳлат дод, то ду забони хориҷиро аз худ кунанд. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон менависад, ки дар курсии муовини якуми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва […]

Asia-plus

Имрӯз, 14-уми феврал, дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти додситонӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Роҳбари давлат бо кадрҳои нав мулоқот карда, ба онҳо як сол муҳлат дод, то ду забони хориҷиро аз худ кунанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон менависад, ки дар курсии муовини якуми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини додситони вилояти Хатлон, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб “кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ таъин гардиданд”.

Ғайр аз ин, додситонҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, шаҳри Роғун ва ноҳияи Нурободи навоҳии тобеи ҷумҳурӣ нав шуданд.

Ҳамчунин, дар вазифаи сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон кадрҳои ботаҷрибаву ҷавон таъин гардидаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти додситонӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтаааст.

“Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои ҶТ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо дод”, – менависад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбат ба кормандони соҳаи додситонӣ таъкид кардааст, ки “агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обурӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад”.

Манбаъ меафзояд, ки “сарвари давлат зимни суҳбат ба забондонии кормандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд ва барои тамоми кормандони мақомоти прокуратура дар баробари забони модарӣ барои аз худ кардани ду забони хориҷӣ як сол муҳлат дод”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.