Аз Фаррухи “гург”-у Шоира то Ҷонону “golib_shov”. Кумитаи андоз рӯйхати блогерони “андозгурез”-ро нашр кард

Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати блогерони аз андоз қарздор ва онҳое, ки бидуни сабт дар ин мақомот кор мекунанд, нашр кардааст. Дар байни онҳо блогерони машҳур, мисли Шоира Пулатова, Фаррух Сангинов, маъруф бо “Фаррухи гург”, Ташриф Халилов ва соҳибони саҳифаҳои иҷтимоии “Jononisher” (Ҷонон Ашурова), “golib_shov” (Ғолиб Мусоев) ва “jovidiblack” (Ҷовид Абдуллоев) низ ҳастанд. Кумитаи андоз менависад, […]

Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати блогерони аз андоз қарздор ва онҳое, ки бидуни сабт дар ин мақомот кор мекунанд, нашр кардааст. Дар байни онҳо блогерони машҳур, мисли Шоира Пулатова, Фаррух Сангинов, маъруф бо “Фаррухи гург”, Ташриф Халилов ва соҳибони саҳифаҳои иҷтимоии “Jononisher” (Ҷонон Ашурова), “golib_shov” (Ғолиб Мусоев) ва “jovidiblack” (Ҷовид Абдуллоев) низ ҳастанд.

Кумитаи андоз менависад, онҳо даъвати мақомотро ҷиҳати фаъолияти қонунӣ ва пардохти андоз нодида гирифтаанд.

Ин рӯйхатро рӯзномаи “Боҷу хироҷ”-и нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон нашр карда, навиштааст, ки ҳамаи намуди даромадҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳо… бояд андозбандӣ шаванд.

Ин ниҳод нигаронӣ кардааст, ки аксари аъзоёни Анҷумани блогерон ва вайнерони Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат қарор доранд, ҳарчанд “дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва дар видео-роликҳои худ аз дӯстдории Ватану миллат ва рушду пешрафти рӯзафзуни кишвар сухан мегӯянд”.

Кумитаи андоз аз масъулини ин Анҷуман талаб кардааст, ки фаъолияти блогеронро қонунан ба роҳ монад.

Бояд гуфт, ки чанде аз ин блогерон аз ҷониби ин Анҷуман соли гузашта ҳамчун блогери сол эътироф шуда буданд. 

Кумитаи андоз ҳамчунин, аз қарздор будани блогерон дар назди буҷет нигаронӣ кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, аксари онҳо самти фаъолияташон тиҷорати электронӣ аст.

“Яъне онҳо дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки шумораи обуначиёнашон зиёд аст, бозиҳои бурднок ташкил карда, аз ин ҳисоб даромад ба даст овардаанд, вале нисбати пардохти андозҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир карда, уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро накардаанд, ки аз ин ҳисоб ба сифатнок таъмин шудани нишондиҳандаҳои андозӣ таъсири худро расонидаанд”, – нигаронӣ кардааст мақомоти андоз.

Кумитаи андоз гуфтааст, “нашри ному насаби блогерҳои беқайд ва қарздор, на бо мақсади паст задани шаъну шарафи онҳост, балки ба он хотир аст, ки бо дидани номи худ онҳо масъулият эҳсос кунанд ва баҳри кам кардани бақияи қарзи андозҳои худ, инчунин дар қайди давлатӣ гузоштани фаъолияти блогерӣ камари ҳиммат банданд”.

Қаблан чанде аз блогерон дар пайи нашри исмашон аз ҷониби мақомоти андози кишвар гуфта буданд, онҳо даромади зиёд ба даст намеоранд ва ҳоҷат ба андозбандӣ нест.

Бояд гуфт, ки 2023 91 блогери тоҷик ба буҷети кишвар 2,5 млн сомонӣ андоз ё молиёт пардохт кардаанд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,2 млн сомонӣ бештар аст.

Соли 2022-юм 60 блогери тоҷик 29,7 млн.сомонӣ даромад ба даст оварда, ба буҷаи давлат 1 млн 359 ҳазору 700 сомонӣ андоз пардохт карда буданд.

Қобили зикр аст, ки бақайдгирии блогерон дар мақомоти андози Тоҷикистон аз соли 2020 оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.

Он замон як масъули Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд.

Баҳси андозбандии блогерон чанд сол аст идома дорад. Тобистони соли гузашта як  вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рудакӣ тарҳеро чун Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти блогерӣ”-ро дар “Фейсбук” барои муҳокима ҷой дод, ки он ба бархӯрди тунди корбарон рӯбарӯ шуд. Мухолифони ин тарҳ гуфтанд, зарурати қабули ин қонун нест, чун блогериро қонунҳои дигар аллакай танзим мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.