Ҷаримаи ронандаи Toyota барои аз тирезаи мошин партофтани партов

Asia-Plus

Дар Душанбе ронандаи Toyota Саидмеҳроҷиддин Ҳотамшоҳ барои аз тирезаи автомашинаи худ ба берун партофтани партов ҳангоми ҳаракат ҷарима шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ронанда дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" нашргардида боздошт шудааст.

“Ронанда зимни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳаҷми ҷаримаи муқарраршуда дар ин модда чунин аст: барои шахсони воқеӣ – аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ); барои соҳибкорони инфиродӣ, ки бо низоми патент кор мекунанд – аз 5 то 10 нишондиҳанда; барои шахсони мансабдор – аз 15 то 20 нишондиҳанда; барои соҳибкорони инфиродӣ, ки бар асоси шаҳодатнома кор мекунанд – аз 20 то 25 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ – аз 50 то 100 нишондиҳанда.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...