Амрико барои мактабҳои Тоҷикистон 242 ҳазор китоби англисӣ дод

Asia-Plus

Ҳукумати Амрико ба мактабҳои Тоҷикистон 242 ҳазор китоби дарсии забони англисӣ ҳадя кардааст. Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар маросими супоридани китобҳо, ки 15-уми феврал  дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор гардид, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон,  Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Шабакаи рушди Оғохон ширкат доштанд.

Ба гуфтаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин тасмим дар пайи пуштибонии сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши забони англисӣ барои кӯдакон рӯи даст гирифта шудааст.

Ин китобҳо барои хонандагон ва муаллимони синфҳои 10 ва 11 –и мактабҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

“Он аз 115 ҳазор китоби дарсӣ барои синфи 10, 115 ҳазор барои синфи 11, 12 ҳазор китоб барои муаллимони синфҳои 10 ва 11 ва 12 ҳазор фиттаҳо дорои маводи таълимӣ барои муаллимон баҳри таълими дарсҳои ба хонандагон нигаронидашуда, иборат мебошанд”, – омадааст дар хабари сафорат.

Ба иттилои ин ниҳоди дипломатӣ, китобҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм барои барномаҳои таълимии забони англисӣ мувофиқат мекунанд ва дар онҳо усулҳои муосири омӯзиши забонҳо, яъне таълими ба хонанда нигаронидашуда, таълими коммуникативӣ ва омӯзиш дар асоси машқҳо истифода мешаванд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунанд. Дар китобҳои дарсӣ ва машқҳо аз заминаи фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон ва фарҳангҳои саросари ҷаҳон истифода шудааст.

Манбаъ менависад, ки дар оянда сафорати ИМА барои хонандагони синфҳои 8 ва 9-и мактабҳои Тоҷикистон 352 ҳазору 611 китоби дарсии забони англисии дигар, ки 5 ҳазору 800 китоб барои омузгорон ва 5800 фиттаҳо барои омӯзиши мустақилонаю истифодаи самараноки захираҳои мавҷударо дар бар мегирад, медиҳад.

Бояд гуфт, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон зиёд буда, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар суханрониҳояш ҳамеша аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ таъкид мекунад.

Зимнан Тоҷикистон дар рӯйхати донандагони забони англисӣ дар ҷаҳон як зина пеш аз охир қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...