Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ як зина пеш аз охир қарор гирифт

Дар раддабандии Education First (EF), як маркази байналмилалии омӯзиши забони англисӣ Тоҷикистон аз рӯи сатҳи донистани забони англисӣ дар байни 113 кишвари ҷаҳон мақоми 112-умро гирифтааст ва ин “хеле паст” арзёбӣ мешавад. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон дар ин раддабандӣ беҳтарин нишондод – 90-умро касб кардааст. Ӯзбекистон дар ҷои 93, Қазоқистон дар ҷои 104-ум қарор доранд. Ҳолланд, […]

Asia-Plus

Дар раддабандии Education First (EF), як маркази байналмилалии омӯзиши забони англисӣ Тоҷикистон аз рӯи сатҳи донистани забони англисӣ дар байни 113 кишвари ҷаҳон мақоми 112-умро гирифтааст ва ин “хеле паст” арзёбӣ мешавад.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон дар ин раддабандӣ беҳтарин нишондод – 90-умро касб кардааст. Ӯзбекистон дар ҷои 93, Қазоқистон дар ҷои 104-ум қарор доранд.

Ҳолланд, Сингапур ва Австрия дар садри рӯйхат қарор гирифтаанд. Дар ҷои охирини раддабандӣ Конго меистад. Ва дар ҷои охир Тоҷикистон аст. Русия дар ҷои 41-ум қарор дорад.

Соли 2021 ҳам Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои охиринро гирифта буд.

Баъдан, бар асоси шохиси дониши забони англисӣ, Тоҷикистон дар байни 112 кишвари ҷаҳон дар ҷои 103-юм ва дар соли 2020 кишвари мо се зина болотар – дар мақоми 100-ум қарор гирифта буд.

Дар ин раддабандӣ кишвари мо дар гурӯҳи кишварҳое қарор дорад, ки дар онҳо сатҳи дониши забони англисӣ “хеле паст” арзёбӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки забони англисӣ забони аз ҳама беш омӯхташуда дар саросари ҷаҳон аст.

Шохиси забони англисии EF сатҳи дониши забони англисиро дар байни калонсолон муайян мекунад. Рӯйхати кишварҳо ҳамасола нашр мешавад ва нишондиҳандаи муҳими байналмилалии донистани забони англисӣ дар байни калонсолон мебошад. Ҳисоботҳои шохис камбудиҳои умумиро муайян мекунанд ва стратегияҳои муассиртаринро барои баланд бардоштани сатҳи забони англисӣ таъкид месозад.

Дар пурсиши имсола 2,2 миллион калонсолон аз 113 кишвар ширкат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Education First (EF) соли 1965 дар Шветсия таъсис ёфтааст. EF бузургтарин муассисаи таълимии хусусии ҷаҳон аст, ки дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон 600 филиал дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.