Афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд давоми соли 2023-ум 176 ҷинояти вобаста ба терроризму экстремизм ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 73 ҳолат зиёд мебошад.

Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки дар умум, соли 2023 дар ҳудуди вилоят 3 ҳазору 611 парвандаи  ҷиноятӣ ба додгоҳҳо ворид шудааст ва ин 238 адад бештар нисбат ба соли 2022 мебошад.

“176 парвандаи воридшуда ба терроризм ва экстремизм вобаста мебошад, ки ин ҳам 73 ҳолат бештар аз соли 2022 аст. Теъдоди маҳкумшудагон бо иттиҳоми терроризму экстремизм ҳам афзоиш ёфта, 201 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 83 нафар бештар аст”, – гуфт Ҷӯрабек Шерзода.

Ба иттилои ин масъули додгоҳи вилояти Суғд, соли 2023 як ноболиғ ва як зан ҳам дар робита ба терроризму экстремизм муттаҳам шуда, аммо баъдан парванда нисбати онҳо қатъ шудааст.

 

Шаҳру навоҳии осебпазир

Тибқи иттилои Шерзода, соли 2023 дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз ҳама ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст:

Хуҷанд – 48 парванда;

Паҷакент – 25 парванда;

Исфара – 24 парванда;

Мастчоҳ – 16 парванда;

Истаравшан -15 парванда.

Дар 11 шаҳру навоҳии дигар аз 1 то 9 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст.

Ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон танҳо манотиқе будаанд, ки соли 2023 ҳеҷ як парвандаи хусусияти террористиву экстремистидошта боз нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...