Афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм

Дар вилояти Суғд давоми соли 2023-ум 176 ҷинояти вобаста ба терроризму экстремизм ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 73 ҳолат зиёд мебошад. Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки дар умум, соли 2023 дар ҳудуди вилоят 3 ҳазору 611 парвандаи  ҷиноятӣ ба додгоҳҳо ворид шудааст ва ин 238 адад бештар […]

Дар вилояти Суғд давоми соли 2023-ум 176 ҷинояти вобаста ба терроризму экстремизм ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 73 ҳолат зиёд мебошад.

Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки дар умум, соли 2023 дар ҳудуди вилоят 3 ҳазору 611 парвандаи  ҷиноятӣ ба додгоҳҳо ворид шудааст ва ин 238 адад бештар нисбат ба соли 2022 мебошад.

“176 парвандаи воридшуда ба терроризм ва экстремизм вобаста мебошад, ки ин ҳам 73 ҳолат бештар аз соли 2022 аст. Теъдоди маҳкумшудагон бо иттиҳоми терроризму экстремизм ҳам афзоиш ёфта, 201 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 83 нафар бештар аст”, – гуфт Ҷӯрабек Шерзода.

Ба иттилои ин масъули додгоҳи вилояти Суғд, соли 2023 як ноболиғ ва як зан ҳам дар робита ба терроризму экстремизм муттаҳам шуда, аммо баъдан парванда нисбати онҳо қатъ шудааст.

 

Шаҳру навоҳии осебпазир

Тибқи иттилои Шерзода, соли 2023 дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз ҳама ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст:

Хуҷанд – 48 парванда;

Паҷакент – 25 парванда;

Исфара – 24 парванда;

Мастчоҳ – 16 парванда;

Истаравшан -15 парванда.

Дар 11 шаҳру навоҳии дигар аз 1 то 9 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст.

Ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон танҳо манотиқе будаанд, ки соли 2023 ҳеҷ як парвандаи хусусияти террористиву экстремистидошта боз нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.