“Фурсати донистан”: Тартиби изҳор намудани раддия дар истеҳсолоти иҷро чигуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби изҳор намудани раддия дар истеҳсолоти иҷроро баррасӣ намуданд.    Тартиби изҳор намудани раддия нисбати иҷрочии Хадамоти иҷро  […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби изҳор намудани раддия дар истеҳсолоти иҷроро баррасӣ намуданд. 

 

Тартиби изҳор намудани раддия нисбати иҷрочии Хадамоти иҷро  чигуна мебошад? 

Масъалаи тартиби изҳори раддия намудан нисбати иҷрочӣ дар модаи 36 Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи талаботи қонуни номбурда, зимни мавҷуд будани асосҳои номбурда, нисбати иҷрочӣ  раддия изҳор намудан мумкин аст: 

1) ҳангоми баррасии парвандае, ки оид ба иҷрои қарори он истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст, ба сифати судя, прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ва котиби маҷлиси судӣ иштирок намуда бошанд;

2) бо тарафҳо ё намояндагони онҳо муносибати хешутаборӣ дошта бошанд;

3)шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошанд ё ҳолатҳои дигар мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии онҳоро зери шубҳа гузоранд.

Ариза дар бораи радкунӣ бояд асоснок бошад ва дар шакли хаттӣ то оғози амалҳои иҷро пешниҳод карда шавад.  Ариза дар бораи рад кардани иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби иҷрочии калони мақомоти иҷро баррасӣ мешавад.  Дар маҳалле, ки як иҷрочии мақомоти иҷро амал менамояд, аз ҷониби худи иҷрочии мақомоти иҷро  баррасӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи баррасии аризаи раддия қарор қабул карда мешавад.  Зимнан, ёдрас менамоем, ки ба дигар иҷрочии мақомоти иҷро вобаста намудани истеҳсолоти иҷро дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад.

 

Тартиби худрадкунии иҷрочӣ чигуна мебошад? 

Масъалаи тартиби худрадкунии иҷрочӣ дар модаи 36 Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  пешбинӣ гардидааст. Тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 36 Қонуни мазкур иҷрочии мақомоти иҷро  ӯҳдадор аст, ки изҳори  худрадкунӣ  намоянд.

Худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби иҷрочии калони мақомоти иҷро ва дар маҳалле, ки як иҷрочии мақомоти иҷро амал менамояд, аз ҷониби худи иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда шуда, дар ин хусус қарор қабул карда мешавад. Худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро бо қарор ба расмият дароварда шуда, нусхаи он на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули қарори зикршуда ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро равон карда мешавад.

 

Оё мувофиқи қонун нисбати  амал ё беамалии иҷрочӣ шикоят намудан мумкин аст ё не? 

Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ карда мешавад.

Чун қоида нисбати амал ё беамалии иҷрочӣ ба  суд шикоят намудан мумкин  аст. Инчунин, бо тартиби маъмурӣ нисбати амлҳои ғайриқонунии иљрочӣ ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намудан мумкин аст. 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.