Рамазон Раҳимзода сабаби барканории сардори милитсияи Хатлонро гуфт

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби барканории Файзулло Нозимзода, сардори пешини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлонро шарҳ дода, гуфт, ӯ барои камбудиҳояш аз мансаб ронда шуд ва ҳоло дар сохтор кор намекунад. Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” дар бораи сабаби барканории роҳбарияти мақомоти қудратии вилоят, аз ҷумла сардори раёсати ВКД, […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби барканории Файзулло Нозимзода, сардори пешини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлонро шарҳ дода, гуфт, ӯ барои камбудиҳояш аз мансаб ронда шуд ва ҳоло дар сохтор кор намекунад.

Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” дар бораи сабаби барканории роҳбарияти мақомоти қудратии вилоят, аз ҷумла сардори раёсати ВКД, зимни нишасти матбуотӣ посух дод, ки “баъзе роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят барои камбудии ҷиддӣ дар фаъолияташон озод шуданд”.

“Худи барканории сардори Раёстаи ВКД дар вилоят ҷазо барои камбудҳо дар соҳа аст. Онҳое, ки аз вазифа озод шуданд, аз ҷумла сардори Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон ба мансаби дигар таъин нашудааст ва дар сохтор кор намекунад”, – гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Зимнан, Рамазон Раҳимзода аз зикр далели мушаххасе, ки боиси барканории сардори РВКД дар вилоят шуд, худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки дар пайи интиқоди шадид ва дастури қатъии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз кори мақомоти қудратии вилояти Хатлон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон роҳбарони сохторҳои қудратии вилоят, аз ҷумла Файзулло Нозимзода, сардори ҳамакнун собиқи РВКД дар вилояти Хатлон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Шариф Назарзода, ки то ин дам ҳамчун сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ кор мекард, роҳбари ин ниҳод таъин гардид.

Пештар аз ин, Назарзода ба ҳайси сардор дар Раёсати ВКД дар Суғд ва Душанбе кор карда буд.

Файзулло Нозимзода ҳамагӣ ду сол дар курсии сардори милитсияи Хатлон кор кард. Ӯ моҳи феврали соли 2022 сардори ин ниҳод таъин шуда буд. Он ҳамон ӯ полковники милитсия буд, дар тули фаъолияташ ӯ ба рутбаи генералӣ расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио