Боғи ҳайвоноти Душанбе таъмир намешавад. Боғи нав кай бунёд мегардад?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе соли 2021 аз тоҷирони ватаниву хориҷӣ даъват кард, ки дар пойтахт боғи ҳайвоноти нав бунёд кунанд ва онро идора намоянд. Дар ин миён боғи нав бунёд нашуд ва маълум нест, ки посухи ин даъват чӣ буд. Зимни нишасти матбуотии ахири шаҳрдории Душанбе “Asia-Plus” ба ин савол посух хост, аммо ҷавоби мушаххас нагирифт.

Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт гуфт, ки “ин масъалаи як рӯзу ду рӯз нест ва ҳалли он вақт талаб мекунад”.

Бояд гуфт, ки аз ин даъват аллакай се сол сипарӣ гардидааст.

Дар боғи нав, аз рӯйи нақша, бояд ҷойи нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ, австралиягӣ, амрикоӣ, осиёӣ ва африқоӣ пешбинӣ гардида бошад. Дар майдони 0,53 га обанбор сохта мешавад. Минтақаҳо ба шароити иқлими наздик ба табиӣ барои ҳайвонот мувофиқ мегарданд.

Аслан масъалаи тахриб ё бозсозии боғи ҳайвонот беш аз 10 сол аст, ки баррасӣ мешавад. Соли 2018 дар шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки боғи ҳайвоноти пойтахт ба наздикӣ ба минтақаи атрофи бозори “Корвон” кӯчонида мешавад. Аввали соли 2020 шаҳрдории пойтахт дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул кард ва ба ҳайси ҷойи нав канори шимолии Душанбе, наздикии соҳили дарёи Варзоб, ҷойи ду кӯли ҳозира интихоб шуд. Аммо бунёди боғ то ҳол оғоз нашудааст.

Боғи ҳайвоноти куҳна таъмир намешавад

Суоли дигаре, ки зимни нишасти матбуотӣ матраҳ гардид, ба таъмири боғи ҳайвоноти ҳозира вобаста буд.

Самӣ Азизиён дар ин робита гуфт, “таъмири боғи ҳайвоноти феълӣ/амалкунанда дар нақша нест”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки боғи ҳайвоноти Душанбе тақрибан 60 сол пеш бунёд шуда, айни ҳол шароити нигаҳдории ҳайвонот дар он пайваста мавриди интиқод қарор мегирад.

Фаъолону коршиносон аз шароити бади ҳайвонот, вазъи ғайрисанитарӣ ва хунукназарии маъмурияти боғ нигаронанд ва аз мақомот бастани онро талаб доранд.

Дар ҳудуди боғ тезтайёр, дӯконҳо ва аттраксионҳои кӯдакона ҷойгиранд. Садои мусиқии баланд ва “ҳаёҳӯй”-и меҳмонон бошад, тақрибан хомӯш намешавад. 

Ба гуфти маъмурияти боғи ҳайвонот, барои муассиса ин даромади иловагӣ аст, ки барои хӯроки ҳайвонот ва беҳтар кардани шароити зисти онҳо сарф мегардад. Аммо таъсири ин “ҳамсоягӣ ва манбаъи даромад” ба ҳайвонҳо муаммо боқӣ мемонад.

Гузориши тасвирии моро аз боғи ҳайвоноти пойтахт бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...